Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард

Вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев дар Telegram-канали худ навишт, ки муҳоҷирон пулҳои дар Русия коркардаашонро ба ватан фиристода, ба болоравии қурби доллар мусоидат мекунанд. Ӯ чун як вакили муҳоҷирситез шинохта шудааст. Ин вакили парлумон аз миқёси маблағи аз иқтисоди Русия баровардашуда, ки ба қавли ӯ "бо интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба кишварҳои худ алоқаманд […]

Asia-Plus

Вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев дар Telegram-канали худ навишт, ки муҳоҷирон пулҳои дар Русия коркардаашонро ба ватан фиристода, ба болоравии қурби доллар мусоидат мекунанд. Ӯ чун як вакили муҳоҷирситез шинохта шудааст.

Ин вакили парлумон аз миқёси маблағи аз иқтисоди Русия баровардашуда, ки ба қавли ӯ "бо интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба кишварҳои худ алоқаманд аст" нигаронӣ кард.

Тавре ки eanews.ru менависад, ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ин маблағ ба бозори асъор таъсири назаррас мерасонад ва рублро заиф мекунад.

"Миллионҳо муҳоҷире, ки дар Русия фаъолият доранд, ҳар сол маблағи коркардаи худро ба ватан мефиристанд. Ҳарчанд маълумоти дақиқ дар бораи ин интиқолҳо дар солҳои охир махфӣ нигоҳ дошта мешаванд, иттилои дастрас нишон медиҳад, ки сухан сари даҳҳо миллиард доллар меравад", — иброз доштааст Матвеев.

Бино ба маълумоти ӯ, соли 2023 ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон ба 5,7 млрд доллар расид, ки тақрибан ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – ин кишвар баробар аст.

Маблағе, ки аз Русия ба Қирғизистон фиристода шудааст, тақрибан аз се як ҳиссаи ММД ва пули интиқолшуда ба Ӯзбекистон – 12-15% (зиёда аз 14,5 млрд доллар)-и ММД-и ин кишвраҳоро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, маблағҳои назаррас инчунин ба Гурҷистон (зиёда аз 2 млрд доллар), Арманистон (зиёда аз 3 млрд доллар) ва Қазоқистон ирсол мешаванд.

Матвеев зикр кардааст, ки муҳоҷирон ҳар сол дар бонкҳои Русия даҳҳо миллиард доллар асъор мехаранд, ки ин талабот ба долларро зиёд карда, қурби рублро поин мебарад.

Ӯ инчунин изҳор дошт, ки "бисёре аз кишварҳои дӯст аз ИДМ алайҳи бонкҳои Русия таҳримҳо ҷорӣ карда, аз кор бо кортҳои “МИР” даст кашиданд, ки интиқоли рублро ба ин кишварҳо аз Русия душвор кардааст".

“Ин муҳоҷиронро маҷбур мекунад, ки асъорро аз Русия ба таври нақдӣ бароранд, ки ин фишорро ба қурби рубл бештар мекунад”, – илова намудааст ӯ.

Қаблан президенти Русия Владимир Путин изҳор дошта буд, ки паст шудани қурби рубл бо баланд шудани сатҳи таваррум вобаста аст.

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, рӯзи 28 ноябр президенти Русия Владимир Путин зикр карда буд, ки “вазъияти вобаста ба қурби рубл таҳти назорат аст ва асосе барои нигаронӣ вуҷуд надорад”.

Бояд гуфт, ҳафтаи гузашта қурби пули Русия – рубл якбора поён рафт. Тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон барои 2-юми декабри соли 2024, 1 рубли русӣ тахминан 0,1 сомонӣ (10 дирам) иваз карда мешавад. 1000 рубли русӣ бошад, 100 сомонӣ мубодила мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Матвеев яке аз вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатии Русия аст, ки сари чанд вақт барои назорати муҳоҷирон ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо алайҳи онҳо изҳорот медиҳад ва пешниҳодҳо мекунад. Аз ҷумла, ӯ яке аз нафароне буд, ки ба ташкили "баталйони тоҷикӣ" ва сафарбарии он ба ҷанг алайҳи Украина пофоширӣ мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.