Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷикро ба 2,5 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона, ҳукми Файзи Олӣ рӯзи 29-уми ноябр содир шудааст. Додгоҳ ин вакили дифои 74-соларо ба “дурӯғгӯӣ” нисбат ба кормандони Додситонӣ гунаҳкор донистааст. Худи Файзи Олӣ пештар […]

Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷикро ба 2,5 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона, ҳукми Файзи Олӣ рӯзи 29-уми ноябр содир шудааст.

Додгоҳ ин вакили дифои 74-соларо ба “дурӯғгӯӣ” нисбат ба кормандони Додситонӣ гунаҳкор донистааст. Худи Файзи Олӣ пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки танҳо дар бораи “ришвахории чанд маъмури Додситонӣ” ба мақомот нома навишт, вале онҳо ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.

Дар Додгоҳи ноҳияи Сино ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Файзи Олӣ баъд аз эълони ҳукм аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

“Додситон барои Файзи Олӣ 6 сол зиндон талаб карда буд. Моддаи 346, банди 3-и Кодекси ҷиноӣ барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳафт сол ҷазо пешбинӣ кардааст. Додрас (судя) пиронсолии Файзи Олиро ба инобат гирифта, ба ӯ ҷазои камтар аз ҳадди пешбинишуда таъин кард. Нусхаи ҳукмро ин ҳафта ба Файзи Олӣ месупоранд ва агар ӯ норозӣ бошад, метавонад ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад,” – гуфтааст ҳамсуҳбати ин расона дар Додгоҳи ноҳияи Сино.

Маълум нест, ки Файзи Олӣ ё намояндаи Додситонӣ нисбат ба ҳукми додгоҳ шикоят мебаранд ё не. Додситонии кулли Тоҷикистон, ки Файзи Олиро бо гумони “дурӯғгӯӣ” нисбат ба кормандонаш ба додгоҳ кашидааст, то ҳол масъаларо шарҳ надодааст.

Пештар Файзи Олӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “бо розигии зерҳимояам ба прокурори генералӣ (додситони кул) муроҷиат кардам. На ба воситаи ахбор, на ба Интернет. Ба ҷойи он ки дар бораи мактуби ман санҷиш баранд, гуфтаҳои моро гирифтанду нисбат ба ман парванда кушоданд”.

Бояд гуфт, Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.