Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия аз Ҳизби коммунист муҳоҷирони кориро ба беқурбшавии рубли Русия гунаҳкор кард.

“Яке аз сабабҳои болоравии қурби доллар муҳоҷирон мебошанд”, – навишт дар Телеграмм-канал Матвеев.

Ӯ бар ин назар аст, ки миллионҳо муҳоҷир пулҳои коркардаашонро аз иқтисоди Русия бароварда, ба ватан мефиристанд.

Бино ба маълумоти ӯ, соли 2023 ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон ба 5,7 млрд доллар расид, ки тақрибан ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст.

Маблағе, ки аз Русия ба Қирғизистон фиристода шудааст, тақрибан аз се як ҳиссаи ММД ва пули интиқолшуда ба Ӯзбекистон – 12-15% (зиёда аз 14,5 млрд доллар)-и ММД-и ин кишвраҳоро ташкил медиҳад.

Ба иддаъои ӯ, ба ибораи дигар, муҳоҷирон ва диаспораҳои онҳо дар бонкҳои Русия даҳҳо миллиард доллар харида, ба таври сунъӣ ба талабот ба асъор ва болоравии қурб мусоидат мекунанд.

 

Ҳамааш тамоман баръакс аст

Коршиносони тоҷик изҳороти Матвеевро беасос унвон карда, гуфтанд, ӯ дар бораи интиқоли пули муҳоҷирон маълумоти кофӣ надорад.

"Пеш аз чунин изҳороти беасос, вакилро лозим буд, ки аз мақомоти дахлдори Русия, маҳз аз Бонки марказии Русия ё Росстат (Идораи омор) омори расмии интиқолҳои фаромарзиро дархост намояд. Фикр мекунам, ки онҳо инро рад намекарданд, зеро мақоми қонунгузорӣ яке аз се шохаи ҳокимият аст, ки ниҳодҳои иҷроия вазифадоранд бо онҳо чунин маълумотро пешниҳод кунанд", – гуфт ба «Азия-Плюс» мутахассиси соҳаи молия Алишер Содиқов.

Вай шарҳ дод, ки беш аз 90% интиқоли маблағҳо аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, тибқи маълумоти расмии оморӣ, бо рубл сурат мегирад.

«Ин баръакс, ба мустаҳкам шудани қурби рубл кумак мекунад», – таъкид дошт ӯ.

Ба гуфти Содиқов, камшавии истифодаи ин ё он асъор дар гардиши пулии кишвари мушаххас, ба устувор шудани қурби он дар бозори асъори кишвар боис мегардад ва баръакс.

«Яъне, ки ҳар як мол дар бозор ҳар қадар кам бошад, гаронтар мешавад ва агар миқдори мол зиёд шавад, арзон мешавад», – иброз дошт коршинос.

Ӯ зикр кард, ки барои муҳоҷирони меҳнатии кишварҳое, ки вакил аз онҳо ном бурд, ҳеҷ зарурате надоранд, ки рублҳоро ба асъори дигар иваз кунанд, инчунин барои мубодилаи пул ҳам як маблағи муайяне пардохт кунанд.

«Рубл ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Ӯзбакистон ва ҳам дар Қирғизистон ба мисли дигар асъор арзишманду дар гардишанд, зеро Русия шарики асосии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ин се кишвар маҳсуб меёбад. Илова бар ин, тайи чанд соли охир дар шароити муқовимати низомии Русия ва Украина ва таҳримҳои дастҷамъии кишварҳои Ғарб бар зидди Маскав, гардиши дуҷонибаи молии Русия бо кишварҳои минтақаи мо марҳила ба марҳила аз доллар ба рубл мегузарад», – хулоса кард Алишер Содиқов.

Ба гуфтаҳои боло метавон илова кард, ки бо дастури Бонки миллии ҷумҳурӣ аз соли 2016 пулҳои интиқолёфта ба соҳибони он танҳо бо асъори миллӣ бо қурби замони пешниҳод дода мешаванд.

Рубл воридшуда ба бонкҳои Тоҷикистон асосан ба ширкатҳои воридкунандаи маҳаллӣ барои интиқоли маҳсулоти Русия дода мешаванд. Яъне рублҳои воридшуда ба Русия баргашта, ба фурӯши маҳсулоти он кумак мерасонанд.

Дар шароити дар ҷудоӣ (изолятсия) гузоштани тиҷорату иқтисоди Русия аз ҷониби Ғарб, ин барои содиркунандагони Русия ва мутаносибан, иқтисоди Русия аҳаммияти муҳим дорад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин изҳор дошта буд, ки “Русия шарики боэътимодтарин ва калидии тиҷоративу иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад” ва изҳороти худро дар навбати аввал, ба “рушди пайвастаи гардиши молу маҳсулот” асоснок кард.

Ӯ зикр карда буд, ки ин ба таври назаррас аз ҳисоби гузаштани ҳисоббаробариҳо бо пули миллӣ таъмин мешавад.

“Айни замон ҳаҷми чунин ҳисоббаробариҳо бо Қазоқиситону Қирғизистон ва Тоҷикистон ба 80% расида, бо Ӯзбекистон – 55% ва Туркманистон – 24%-ро ташкил медиҳад”, – таъкид дошта буд муовини вазир.

Дар ҳамин ҳол, сабабҳои беқурбшавии рублро коршиносони бахши молияи Русия ба таҳримҳо нисбати ширкату бонкҳо, ғалабаи Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА, аз ҷониби Бонки марказии Русия боло бурдани меъёри бозтамвил, коҳиши содироту афзоиши воридот, камшавии фурӯши асъор дар бозори дохилӣ ва афзоиши талаботи сармоягузорони хориҷӣ ба асъор рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...