Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Ҳимоятгари мунтахаби Ӯзбекистон ва дастаи “Ланс”-и Фаронса Абдуқодир Хусанов гаронтарин футболбози минтақаи Осиёи Марказӣ дониста шуд. Мувофиқи маълумоти навшудаи портали Transfermarkt, ӯ 12 млн евро нарх дорад.

Дар зинаи дуюм аз рӯи нархи бозор боз як ӯзбекистонӣ – нимҳимоятгари дастаи “ЦСКА” (Русия) Аббосбек Файзуллоев қарор дорад, ки нархаш 6 млн евро мебошад.

Дар зинаҳои баъдӣ, ҳамлагари “Рома”-и Италия Элдор Шомуродов (Ӯзбекистон) – бо нархи 5 млн евро, нимҳимоятгари мунтахаби Қазоқистон ва тими “Бешикташ”-и Туркия Бахтиёр Зайнутдинов – 4 млн евро, ҳимоятгари дастаи “Зенит”-и Русия Нуралӣ Алип (Қазоқистон) – 3 млн евро ҷойгир шудаанд.

Ба 10-гонаи гаронтарин футболбозони минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо 1 намояндаи Тоҷикистон – дарвозабон Рустам Ятимов бо нархи 1,2 млн евро шомил аст.

Ятимов гаронтарин футболбози Тоҷикистон аст. Байни футболбозони тоҷик дар зинаи дуюм Зоир Ҷӯрабоев (“Нефтчӣ”, Ӯзбекистон) ва Алишер Ҷалилов (“Истиқлол”, Тоҷикистон) бо нархи ҳар кадоме – 700 ҳазор евро қарор доранд.

Дар идома футболбозони “Истиқлол” Шамадонӣ Камолов ва Эҳсони Панҷшанбе ҳар кадоме 600 ҳазор евро, Парвиз Умарбоев аз “ЦСКА 1948” (Булғористон) – 500 ҳазор евро, Ваҳдат Ханнонов (“Сипоҳон”, Эрон) ва Олег Баклов (“Уфа”, Русия) – ҳар кадоме – 400 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд.

Гаронтарин футболбоз дар Қирғизистон нимҳимоятгар Гулжигит Алиқулов аз тими “Неман”-и Беларус бо нархи 800 ҳазор евро зикр шудааст. Гаронтарин футболбози Туркманистон Теймур Чариев аз тими “АбдышАты” эътироф шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Ӯзбекистон нархи якбора 13 нафар бозингар 1 млн евро ва зиёда аз онро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон 1 бозингар ва дар Қазоқистон – 3 бозингар чунин нархҳо доранд. Дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то арзиши 1 млн дигар касе нарасидааст.

10-гонаи гаронтарин футболбозони минтақаи Осиёи Марказӣ:     

1. Абдуқодир Хусанов (Ӯзбекистон), «Ланс» – 12 млн евро.

2. Аббосбек Файзуллоев (Ӯзбекистон), “ЦСКА М” – 6 млн евро.

3. Элдор Шомуродов (Ӯзбекистон), «Рома» – 5 млн евро.

4  Бахтиёр Зайнутдинов (Қазоқистон), «Бешикташ» – 4 млн евро.

5. Нурали Алип (Қазоқистон), «Зенит» – 3 млн евро.

6. Остон Урунов (Ӯзбекистон), «Персеполис» ва Отабек Шукуров (Ӯзбекистон), «Ал-Фейҳа) – ҳар кадоме 2,5 млн евро.

7. Ҷалолиддин Машарипов (Ӯзбекистон), «Эстеглал» – 1,7 млн евро.

8. Абдувоҳид Нематов (Ӯзбекистон), «Насаф»; Ҳусниддин Алиқулов (Ӯзбекистон), «Ризеспор»; Ҳоҷимат Эркинов (Ӯзбекистон), «Ал-Вахда» – ҳар кадоме 1,5 млн евро.

9. Акмал Мозговой (Ӯзбекистон), «Насаф» – 1,3 млн евро.

10. Рустам Ятимов (Тоҷикистон), «Ростов»; Одилҷон Ҳамробеков (Ӯзбекистон), «Навбаҳор»; Шерзод Насрулллоев (Ӯзбекистон), «Насаф»; Максим Самородов (Қазоқистон), «Ахмат» – ҳар кадоме 1,2 млн евро.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...