Башор Асад: “Вақте ки давлат ба дасти террористон меафтад, мансаб маъние надорад”

Башор Асад, ки аз мақоми президенти Сурия барканор шудааст, изҳоротеро нашр кард, ки сабабу ҳолатҳои фирори ӯро ба Русия шарҳ медиҳад. Тавре ки "Медуза" менависад, Асад қаблан наметавонист изҳори назар кунад, аз ҷумла, бинобар сабаби "комилан қатъ шудани алоқа ба хотири амнияту бехатарӣ". Дар изҳороте, ки аз номи Асад дар шабакаҳои иҷтимоии дафтари президенти барканоршуда […]

Asia-Plus

Башор Асад, ки аз мақоми президенти Сурия барканор шудааст, изҳоротеро нашр кард, ки сабабу ҳолатҳои фирори ӯро ба Русия шарҳ медиҳад. Тавре ки "Медуза" менависад, Асад қаблан наметавонист изҳори назар кунад, аз ҷумла, бинобар сабаби "комилан қатъ шудани алоқа ба хотири амнияту бехатарӣ".

Дар изҳороте, ки аз номи Асад дар шабакаҳои иҷтимоии дафтари президенти барканоршуда нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, "Сурияро тарк кардани ӯ дар нақша набуд ва он дар соатҳои охири ҷанг, тавре баъзеҳо иддао доранд, сурат нагирифт". Ба гуфтаи президенти собиқ, “ӯ то рӯзи якшанбе, 8 декабр” дар Димишқ қарор дошт.

"Вақте ки қувваҳои террористӣ ба Димишқ ворид шуданд, ман бо ҳамоҳангии иттифоқчиёни русиягии худ барои назорат кардани амалиёти ҷангӣ ба Латакия кӯч бастам", — изҳор доштааст Асад.

Ба гуфтаи ӯ, вақте ки ба пойгоҳи ҳавоии Русия дар Хмеймим расид, "маълум шуд, ки қӯшунҳои мо комилан аз ҳама мавқеъҳои ҷангӣ ақиб кашида шуда, охирин мавқеъҳои артиш аз даст рафтаанд".

Дар ҳамин ҳол, навиштааст Асад, худи пойгоҳи ҳавоӣ мавриди ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин қарор дошт. Бо дарназардошти вазъият, ба гуфтаи президенти собиқ, маҳз Маскав аз фармондеҳии пойгоҳи Хмеймим хостааст, ки шоми 8 декабр таъҷилан аз кишвар хориҷ шудани ӯро таъмин кунанд.

"Дар ҷараёни ин ҳодисаҳо ман ҳеҷ гоҳ дар бораи истеъфо ё паноҳҷӯӣ фикр накардаам ва ҳеҷ шахс ё гурӯҳе чунин пешниҳод накардааст. Ягона роҳи ҳал идомаи мубориза бо фишори террористӣ буд", — гуфтааст Асад ва таъкид доштааст, ки "аз рӯзи аввали ҷанг ман аз наҷоти ҷони худ ба хотири манфиати шахсӣ даст кашидам" ва муборизаро қатъ накардам.

"Вақте ки давлат ба дасти террористон меафтад, ҳар гуна мансаб маънии худро гум карда, сари мансаб будан бемаънӣ мешавад", — таъкид доштааст Асад ва илова намудааст, ки то ҳол худро мансуб ба Сурия медонад ва умедвор аст, ки кишвар "боз озоду мустақил хоҳад шуд".

Дар маълумоти поёнии изҳорот зикр шудааст, ки он 16 декабри соли 2024 дар Маскав навишта шудааст.

Хабаргузории Reuters қаблан бо такя ба манбаъҳо хабар дода буд, ки Башор Асад ҳатто атрофиёни наздики худро пешакӣ дар бораи нақшаи тарки кишвар огоҳ накардааст.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, рӯзи 7 декабр (як рӯз пеш вуруди ҷангҷӯёни мухолифи қувваҳои давлатӣ ба Димишқ) Асад бо роҳбарияти ҳарбӣ дар вазорати мудофиа мулоқот доштааст.

Ӯ изҳори итминон кардааст, ки кумакҳои низомии Русия ба зудӣ мерасанд. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи манбаъҳои Reuters, чанд рӯз пештар ба Асад "равшан фаҳмонида шуд", ки аз ҷониби Русия ҳеҷ кумаки низомӣ намерасад.

Ба иттилои се ҳамсуҳбати хабаргузорӣ, аввал Асад мехост дар Амороти Муттаҳидаи Араб паноҳ барад, аммо мақомот аз аксуламали байналмилалӣ ҳарос доштанд ва инро ба ӯ рад карданд.

Аммо Маскав, сарфи назар аз рад кардани дахолати низомӣ, "омода набуд, ки Асадро ба ҳоли худ гузорад". То замоне ки ӯ Сурияро тарк кард, фарзандон ва ҳамсари Асад аллакай дар Маскав қарор доштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.