Куштори як генерали Русия дар Маскав

Asia-Plus, бо истифода аз маводи расонаҳо

Генерал-лейтенант Игор Кириллов, фармондеҳи Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия дар таркише дар чанд километрии Кремл кушта шудааст. Ҳодиса субҳи имрӯз, 17-уми декабр дар хиёбони Рязани Маскав, дар назди манзили зисти Игор Криллов рух додааст.

Кумитаи тафтишотии Русия бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки “маводи таркандае, ки дар дохили самокат пинҳон буд, фосилавӣ фаъол гардонида шуд”.

Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷа ҳангоми берун шудан аз манзилаш генерал лейтенант Игор Крилов ва як афсари ҳамроҳаш ҷон бохтаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Мақомоти Русия расман омили кушторро нагуфтаанд, вале ангушти иттиҳомро ба сӯи Украина равона мекунанд. Мақомоти Украина то ҳанӯз дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст.

Дар ҳамин ҳол BBC бо такя ба манбаъҳои худ дар Хадамоти амнияти Уркаина навишт, ки “таркише, ки дар он Игор Кирилов ҷон дод, натиҷаи амалиёти махсуси Хадамоти амнияти Украина  аст.

«Кирилов ҷинояткори ҷангӣ буд…, зеро ӯ фармонҳои истифодаи силоҳи кимиёвии манъшударо бар зидди низомиёни украинӣ содир мекард. Чунин расвоӣ ҳамаи онҳое, ки украинҳоро мекушанд, интизор аст. Ҷазо барои ҷиноятҳои ҷангӣ ногузир аст», – изҳор доштааст манбаъи ин расона аз Хадамоти амнияти Украина. 

Як рӯз пеш аз ин, Хадамоти амнияти Украина Кириловро дар истифодаи оммавии силоҳи кимиёвии манъшуда бар зидди Неруҳои мусаллаҳи Украина дар шарқ ва ҷануби кишвар гумонбар дониста гуфта буд, ки таҳти фармондеҳии генерал лейтенант Кирилов қариб 5 ҳазор дафъа аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдааст. Хадамоти амнияти Украина Кириловро шахсан масъули ин амал номида, зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Генерал пас аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина бо баргузории брифингҳои мунтазам барои рӯзноманигорон маъруф гардид. Ӯ борҳо иддао карда буд, ки Киев ба таҳияи силоҳи кимиёвӣ ва биологӣ даст дорад.

Кириллови 54-сола аз моҳи апрели соли 2017 сардори неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия буд. Ӯ Академияи ҳарбии ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологӣ ба номи Тимошенкоро хатм кардааст. Пеш аз соли 2017 ӯ роҳбари ҳамин академия буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...