Тоҷикистон даъват кард, ки дар пасманзари биёбоншавии ҷаҳонӣ пиряхҳо ҳифз шаванд

Date:

Дар конфронси СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ, ки дар Ар-Риёз баргузор гардид, тасмим гирифта шуд, ки барои мубориза бо таназзули замин ва хушксолӣ ба кишварҳои осебпазир беш аз 12 млрд доллар ҷудо карда шавад. Тоҷикистон аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват намуд, ки Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, дастгирӣ кунанд.

Дар конфронси бузурги экологии СММ – COP16, ки ба масъалаҳои таназзули замин, биёбоншавӣ ва хушксолӣ бахшида шуда буд, намояндагони тақрибан 200 кишвар иштирок карданд.

Гурӯҳи ҳамоҳангсози кишварҳои арабӣ эълом кард, ки то соли 2030 ҷалби 10 млрд долларро ба нақша гирифтааст. Ғайр аз ин, Фонди ОПЕК ва Бонки исломии рушд ҳар кадоме ҷудо кардани 1 млрд долларро ваъда доданд. Ин сармоягузориҳо қисми стратегии ҷаҳонӣ оид ба барқарорсозии 1 млрд гектар заминҳои таназзулёфта хоҳанд буд, ки барои татбиқи он дар маҷмӯъ 2,6 трлн доллар зарур аст.

Тоҷикистон ва таҳдиду чолишҳои нав

Дар конфронси COP16 ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Зарафо Қиёмзода роҳбарӣ намуд. Дар суханронии худ Қиёмзода аҳаммияти муборизаи муштарак бо таҳдидҳои марбут ба экологияро, ки ба рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд, таъкид кард.

Ӯ зикр кард, ки хушксолӣ ва таназзули замин ба муҳоҷирати маҷбурӣ сабаб шуда, барои соҳаи кишоварзӣ хавфу хатарҳои нав ба миён меоранд. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ин равандҳо фаъолона тадбирҳо роҳандозӣ мекунад, аз ҷумла барномаҳои идоракунии устувори захираҳои замин ва таъмини обро ҷорӣ месозад.

Қиёмзода иштирокчиёни конфронсро барои ширкат дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват кард. Ин чорабинӣ ба ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти обшавии пиряхҳо, ки ба захираҳои обии минтақа таъсир мерасонад, бахшида шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ Иброҳим Тиау зикр кард, ки ҷаҳон бояд талошҳои худро зиёд кунад, зеро таназзули замин ҳар сол ба маблағи 300 млрд доллар зарар оварда, то соли 2050 хушксолӣ ба 75% аҳолии сайёра таъсир мерасонад.

Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, чунин тадбирҳо хеле муҳим аст, зеро минтақа аллакай бо тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва коҳиши захираҳои об дучор шуда, ин ба бахши кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ таҳдид мекунад.

Миқёси заминҳои аз хушксолӣ осебдида дар Осиёи Марказӣ

Дар Осиёи Марказӣ бо сабаби тағйирёбии иқлим шумораи ҳодисаҳои хушксолии тӯлонӣ зиёд мешавад, ки ба суботи иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа хавфу хатарҳо эҷод мекунад.

Тибқи маълумоти СММ, 38,43% заминҳои минтақа дар ҳолати хушксолӣ қарор дошта, 1,33%-и онҳо ба хушксолии шадид ва 0,23% – ба хушксолии фавқулода дучоранд. Аз ҳама бештар кишварҳои поёноб осеб мебинанд: Ӯзбекистон (89,5%), Туркманистон (88%) ва Қазоқистон (76%). Дар Тоҷикистон хушксолӣ 47% ва дар Қирғизистон – 42,4%-и қаламравро фаро гирифтааст.

Коршиносон сабабҳои ин ҳолатро дар тағйирёбии иқлим, таназзули заминҳо ва истифодаи ғайримақсадноки захираҳо мебинанд. Сарфи назар аз миқёси хавфу хатар, хушксолӣ расман кам сабт мешавад ва ҳамагӣ 2-3% шумораи офатҳои табиии минтақаро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...