Боз як бонки байналмилалӣ барои сохтмони “Роғун” $270 млн ҷудо кард

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохтор (БОСИ) барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО)-и “Роғун” 270 милллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора Вазоарти молияи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, созишномаро рӯзи 20-уми декабр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Константин Лимитовский, ноиби президенти БОСИ дар шаҳри Пекини Чин ба имзо расондаанд.

Манбаъ мегӯяд, БОСИ барои сохтмони “Роғун” дар умум 500 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад ва он дар 2 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, ин маблағ барои Лоти 1-ум ва Лоти 3А-и нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, инчунин сохтмон ва таъмири 55 км роҳ, аз ҷумла пулҳои байни деҳаҳо масраф мешавад.

Ҷузъиёти дигари ин созишнома ошкор наушдааст.

Чанд рӯз пеш Бонки ҷаҳонӣ низ барои сохтусози (НБО) “Роғун” 350 миллион доллар ҷудо карда буд. Ин маблағ аз ҳисоби маблағи грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) анҷом додааст. Бар ивази ин Тоҷикистон уҳдадор шудааст, то 3% (баъди анҷоми сохтмон то 5 %)-и даромад аз фурӯши нерӯи барқро барои ҳимояи қишри камбизоати аҳолӣ равона кунад.

Дар аввал гуфта мешуд, ки "Роғун" аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ сохт мешавад. Барои ҷамъоварӣ фурӯши саҳмияҳо ҳам ба роҳ монда шуд. Дертар ҳукумат эълон кард, ки барои сохтмони ин иншоот сармоя ҷалб хоҳанд кард.

Сармоягузорони аввалини лоиҳаи “Роғун” Бонки исломии рушд (150 млн доллар) ва фондҳои кишварҳои араб (400 млн доллар) буданд, ки маблағгузориашонро 17 апрели соли ҷорӣ тасдиқ карданд.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, барои идомаи корҳои сохтмон дар доираи ҷадвалҳои тасдиқшуда ҳамасола 1 млрд доллар ва барои амалисозии пурраи лоиҳа 6,2 млрд доллар маблағ лозим аст.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо сохтмончиёни НБО “Роғун” гуфта буд, ки давоми солҳои 2008-2024 ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ маблағ равона намудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...