Боздошти як сокини Хуҷанд барои ворид кардани “хлопушка” аз Қирғизистон

Шоираи Қадрат, Asia-Plus

Раёсати гумруки вилояти Суғд як сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони ворид кардани беш аз 400 ҳазор дона “хопушка” аз Қирғизистон боздошт кардааст. 

Дар ин бора Хадамоти гумрук иттилоъ  дода, аз боздоштшуда Бахтиёр Маҳмудови 31-сола ном бурдаст.

Ба навиштаи ин ниҳод, номбурда 441 ҳазору 600 дона маводи пиротехникии намуди “Трения” ва “Иргина”-и истеҳсоли Қирғизистон ва Чинро аз Бек ном шаҳрванди Қирғизистон харидорӣ карда, мехост ба Тоҷикистон ворид кунад.

Маҳмудов Бахтиёр шаби 9-уми декабр баъди қабули "бор" аз шаҳрванди Қирғизистон дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шудааст.

Дар ҳоле, ки марз бо Қирғизистон баста аст, маълум нест, ки Бахтиёр Маҳмудов чӣ гуна аз ин кишвар маводи пиротехникӣ ворид кардааст. 

Хадамоти гумрук ҳамчунин, аз ошкор шудани чанд ҳолати дигари муомилоти “хлопушка” дар вилояти Суғд иттилоъ додааст.

Аз ҷумла, аз нақлиёти шаҳрванд Усмонов Валиҷон, сокини шаҳри Панҷакент 21 ҳазору 600 дона маводи тарфгарӣ, ки барои фурӯш ба Панҷакент интиқол медод, дарёфт гардидааст. Санҷиш маълум кардааст, маводҳои пратехникӣ ба Синдорбек Худойназаров, сокини дигари шаҳри Панҷакент тааллуқ дорад.

Инчунин, дар натиҷаи амалиёти санҷишӣ дар шаҳри Бӯстон 78 ҳазору 150 дона маводи пиротехникӣ дарёфт гардидааст, ки ба Фозилов Ҷонибек, сокини дигари шаҳри Панҷакент тааллуқ дорад. 

Маълум нест, ки ин ҳамон Ҷонибек аст, ки Синдорбек Худойназаров аз ӯ "хлопушка" харидааст ё ду шахси аз ҳам ҷудоянд.

Хадамоти гумрук хабар медиҳад, ки ҳоло нисбати Маҳмудов Бахтиёр, Худойназаров Сирдорбек, Фозилов Ҷонибек ва дигарон барои ғайриқонунӣ ба кишвар ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан… маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) (дар асоси қисми 2-и моддаи 199-и Кодекси ҷиноӣ) парванда ҷиноятӣ боз шуда, барои баррасӣ ба Додситонии вилояти Суғд ирсол шудааст.

Онҳоро аз 14,4 ҳазор то 36 ҳазор сомонӣ (аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-як нишодиҳанда дар соли 2024-ум 72 сомонӣ) ҷарима ва ё аз 1 то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот ва муомилоти маводи тарфгарӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ манъ аст, вале имсол аллакай чандин навбат аст, ки муомилоти ғайриқонунии ин мавод ошкор мешавад.

Дар соли равон ин бори аввал аст, ки мақомот аз боздошти як нафар барои воридоти маводи пратехниӣ ба кишвар хабар медиҳанд. Қаблан, сокинон шикоят, доштанд, ки бархеҳоро барои фурӯши ин маводҳо дар дохили кишвар боздошт мекунанд, вале чӣ гуна он ба кишвар ворид мешавад, мақомот хомӯшанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...