Содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи ноябр 10,5% афзуд

Дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи ҳудуди 4,2 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 10,5% зиёдтар нисбат ба моҳи октябр аст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад. Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 106,6 млн доллар неруи барқ содир […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи ҳудуди 4,2 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 10,5% зиёдтар нисбат ба моҳи октябр аст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад.

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 106,6 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 1,1% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ҳиссаи интиқоли барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 6,1%-ро ташкил додааст.

Қаблан дар ҶСК “Барқи тоҷик” итминон дода буданд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон вақте ки дар дохили кишвар душвориҳо бо таъмини барқ ба миён меоянд, барқ дар ҳаҷми начандон зиёд барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ ва дигар таҷҳизоти зерсохтор танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Бо Ӯзбекистон тибқи маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, қарордод танҳо дар давраи тобистон амал мекунад.

Ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) чанде пеш хабар дод, ки бо “Барқи тоҷик” дар мавриди хариди барқ дар соли нави 2025 қарордод бастааст. Дар хабар ягон хел ҷузъиёти қарордод оварда нашудааст.

Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар доираи созишномаи генералии соли 2008 баимзорасида, ки то соли 2028 амал мекунад, сурат мегирад. Охири ҳар сол кишварҳо дар бораи ҳаҷми интиқол ва нархи барқ барои соли оянда санади иловагӣ имзо мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, аз даҳаи моҳи сентябр сокинони деҳоти Тоҷикистон дар реҷаи маҳдуд – 3 соат субҳ ва 5 соат шом бо барқ таъминанд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20,2 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 1,8% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио