“Акнун аз болои панҷара мегузаранд”. Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардонро барҳам доданд

Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардон, ки ба гуфтаи мақомот  боиси танбашавии нақлиёт дар роҳҳо мешуданд, барҳам доданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.  Ба иттилои манбаъ, ин гузаргоҳҳо бо сабабаи дар масофаи наздик аз ҳамдигар ҷойгир будан яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани танбашавии нақлиёт буданд.  “Ба назардошти ба стандартҳои […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардон, ки ба гуфтаи мақомот  боиси танбашавии нақлиёт дар роҳҳо мешуданд, барҳам доданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст

Ба иттилои манбаъ, ин гузаргоҳҳо бо сабабаи дар масофаи наздик аз ҳамдигар ҷойгир будан яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани танбашавии нақлиёт буданд. 

“Ба назардошти ба стандартҳои қабулгардида мутобиқ намудани роҳҳои мошингарди пойтахт, дар асоси дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, гузаргоҳҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳа барҳам дода шуданд” гуфта мешавад дар изҳороти ин ниҳод.

Тавре аз Раёсати ВКД-и пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз 17 гузаргоҳ, ки барҳам дода шуданд, 5-тои он дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буд. 

Аз байни бурдани гузаргоҳ барои пиёдагардон дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳсеро ба миён овард. Бархеҳо тарафдорӣ қисми дигари дастгирӣ краданд.

Аз ҷумла, як корбар бо номи “Lailohon” дар гурӯҳи фейсбукии “Tajik Mama”-и “Фейсбук” навиштааст, ки “ман мефаҳмам, ки гузаргоҳи назди телевизиони “Сафина”-и собиқ ва кинотеатри “Ватан” он қадар муҳим нестанд. Вале гузаргоҳи назди Академияи илмҳо роҳҳи муҳиме буд, ки ду маҳалро ба ҳам мепайваст ва бисёриҳо аз он истифода мекарданд. <…> акнун барои гузаштан давр задан лозим меояд”.

Корбари дигар бо номи Ирина зикр кардааст, ки “ҳадди ақал бояд як гузаргоҳро мемонданд, зеро ҳоло як гузаргоҳ дар назди “Хонаи матубот” ва гузаргоҳи дигар назди Театри опера ва балет аст. Барои аз роҳ гузаштан ду кӯча пиёда рафтан лози аст”.

Елена ном корбар барҳам додани гузаргоҳҳоро ҷонибдорӣ крада навиштааст, ки “хайрият, ки (гузаргоҳро – муҳар.) барҳам доданд. Дар час-пик мошин ним соат дар ин қисмат дар мемонад”.

 Вале Натали ном корбар баръакс гуфтааст, “имрӯз шоҳиди он шудам, ки одамон аз болои панҷара ҷаҳида аз роҳ мегузаранд.

Зимнан, хабарнигори “Азия-Плюс” низ ҳангоми аксгирии ин гузаргоҳҳо шоҳид шуд, ки чӣ гуна аз сабаби набудани гузаргоҳ барои пиёдагардон онҳо аз болои панҷара ҷаҳида мегузаштанд. 

Бояд гуфт, моҳҳои охир дар Душанбе танбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст. 

Мақомот, ки ин ҳолатро ба зиёд шудани мошинҳо дар пойтахт, дар таъмир қарор доштани баъзе роҳҳо ва садамаҳои нақиётӣ марбут медонанд, кӯшиш доранд, бо гузаронидани рейдҳо ва дигар тадбирҳо танбашавиро пешгирӣ кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио