Вазорати маориф: Дар Тоҷикистон ҷашнҳои солинавӣ дар макотиби олӣ, миёна ва кӯдакистонҳо манъ аст

Дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ пеш аз Соли нави мелодӣ корбарон боз масъалаи баргузор намудани чорабиниҳои идонаро дар мактаб ва муоссисаҳои томактабӣ ба миён гузоштанд. Волидон ва фарзандони онҳо умедворанд, ки имсол ба онҳо барои гузоштани арчаву ҷашн гирифтани Соли нав дар муассисаҳои таълимӣ иҷоза мешавад. Аммо тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ пеш аз Соли нави мелодӣ корбарон боз масъалаи баргузор намудани чорабиниҳои идонаро дар мактаб ва муоссисаҳои томактабӣ ба миён гузоштанд. Волидон ва фарзандони онҳо умедворанд, ки имсол ба онҳо барои гузоштани арчаву ҷашн гирифтани Соли нав дар муассисаҳои таълимӣ иҷоза мешавад.

Аммо тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, то ҳол  дар мактаҳои миёна, олӣ ва муассисаҳои томактабӣ гузоштани арча ва ташкили зиёфатҳо манъ аст.

Ба ивази ин Вазорат баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, қироати шеърҳо ва расмкаширо дар доираи дарсу машғулиятҳои синфӣ иҷоза додааст. Дар Вазорат зикр карданд, ки агар дар мактабҳои миёна барномаҳои солинавӣ бо ҷараёни таълим мувофиқа шуда бошанд, онҳо маҳдуд карда намешаванд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар чор ноҳияи Душанбе арчаҳо гузошта шуда, барномаҳои фароғатӣ гузаронида мешаванд, то ки хонандагон бо волидони худ истироҳат кунанд.

Дар Вазорат ҳамчунин изҳор намуданд, ки дар мавриди ин масъала ҳоло фармоишҳои нав дода нашудааст. Дар сурати тағйирот, дар ин бора расман маълумот нашр мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2012 дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон манъи баргузории ҷашнҳои солинавӣ дар мактабу кӯдаконистонҳо амал мекунад.

Қаблан ин қарор бо дархости волидон қабул шуда буд. Онҳо аз ҷамъоварии маблағ барои баргузории чаорабиниҳои солинавӣ шикоят карда, ин амалро мубориза бо исрофкорӣ медонистанд.

Кӯдакон аз ид маҳруманд

Қаблан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон шикоят доштанд, ки чандин сол инҷониб кӯдаконашон аз ид маҳруманд. Волидон то ҳол аз ин қарори дар ҳайрат буда, бекор шудани қарори Вазоратро интизоранд.

Ба гуфтаи корбарон, бисёре аз кӯдакон ба мавҷудияти Бобои Барфӣ бовар дошта, аз фарорасии Соли нави мелодӣ самимона хурсанд мешаванд: дар хона онҳо идро ҷашн мегиранд, лекин дар мактабу кӯдакистонҳо муҳит тамоман дигар аст.

“Дар кӯдакистону мактабҳо ҳамроҳи дӯстон муҳит тамоман дигар аст. Субҳи имрӯз бо духтарчаам (3-сола) суҳбат доштем. Ӯ аз ман пурсид: “Аллакай зимистон шуд?”. Ман посух додам: “Бале”. Ӯ мегӯяд: “Акнун ба кӯдакистони мо Бобои Барфӣ меояд? Мо бо дугонамм он ҷо суруд мехонем, ӯ ба мо туҳфаҳо медиҳад, сипас ба хонаамон омада, боз ба ману хоҳарам туҳфаҳо медиҳад”. Яъне ба ӯ муҳим аст, ки Бобои Барфӣ ба кӯдакистон ояд, ки он ҷо ҳамроҳи дӯстонаш аст ва сипас ба хонаашон ояд”, – навиштааст дар саҳифаи Фейсбук корбаре бо номи Sara ZI.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.