Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини соли 2024-ро эълон кард.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони чор намуд – бокс, ҷудо, гуштини озод ва самбо дохил шуданд.

“Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 ва чемпионати имсолаи ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ гирифт, беҳтарин варзишгари соли 2024 дониста шуд”, – гуфт Нарзулло Латипов.

 

Ин варзишгарон ба 10-гонаи беҳтаринҳо дар соли 2024 шомил шуданд:

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) – барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ва чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар вазни то 81 кг;

Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни +100 кг;

Давлат БОЛТАЕВ (бокс) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни то 92 кг;

Абдулмаҷид КУДИЕВ (гуштини озод) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тиранаи Албания дар вазни то 70 кг;

Акмал УБАЙДОВ (бокс) – барандаи медали тиллои чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 60 кг;

Виктор РАССАДИН (гуштини озод) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни то 74 кг;

Парвиз КАРИМОВ (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 92 кг;

Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Tashkent Grand Slam 2024” дар вазни то 66 кг;

Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2024” дар вазни то 60 кг;

Сорбон ЛАТИФОВ (самбо) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни то 64 кг.

АЖРВТ як созмони ҷамъиятӣ аст, ки дар он журналистони риштаи варзиш дар Тоҷикистон гирди ҳам омадаанд. Даҳ варзишгари беҳтарини солро ҳамасола журналистони риштаи варзиши кишвар интихоб мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...