Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки 2 рӯз баста буд, боз шудааст

Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки дар натиҷаи фурӯ рехтани куҳпора 2 рӯз боз баста буд, зуҳри имрӯз, 23-юми декабр боз шуда, ҳаракати мошинҳо ба ин масир барқарор шудааст. Дар ин бора аз қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ) ба “Азия-Плюс” хабар дорданд. Қаблан, КҲФ иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора дар километри 76,6 шоҳроҳи […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки дар натиҷаи фурӯ рехтани куҳпора 2 рӯз боз баста буд, зуҳри имрӯз, 23-юми декабр боз шуда, ҳаракати мошинҳо ба ин масир барқарор шудааст. Дар ин бора аз қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ) ба “Азия-Плюс” хабар дорданд.

Қаблан, КҲФ иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора дар километри 76,6 шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт роҳ муваққатан баста шуда, “ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи навсохташуда ба роҳ монда шудааст”.

Ба иттилои ин ниҳод ҳодиса рӯзи 20-уми декабр рух дода, баландии кӯҳпора 10 метр ва паҳнои он 100-120 метр мебошад.

КҲФ гуфта буд, ки дар мавзеи ҳодиса 2 техникаи Вазорати нақлиёт кор карда истодаанд.

“Тарқиши кӯҳ дар баландии 150 метр аз қисмати шимолии мавзеи мазкур низ ба амал омадааст, ки дар оянда ба поён лағжиданаш аз эҳтимол дур нест”, -ҳушдор додааст КҲФ.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода буд, ки аз 20 то 22-юми декабр дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, аз ҷумла, километрҳои 46-ум ва 84-уми роҳи мошингарди Душанбе–Чаноқ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон хатари фаромадани тарма ва яхбандӣ вуҷуд дорад.

Ин ниҳод ба шаҳрвандон тавсия дод, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ кунанд. Ҳамчунин, аз ронандагон дархост шудааст, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва қитъаҳои роҳҳое, ки хатар фаромадани тарма он ҷо вуҷуд дорад, фосилаи ҳаракатро риоя кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.