Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини соли 2024-ро эълон кард. Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони чор намуд – бокс, ҷудо, гуштини озод ва самбо дохил шуданд. “Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 ва чемпионати имсолаи ҷаҳон дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини соли 2024-ро эълон кард.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони чор намуд – бокс, ҷудо, гуштини озод ва самбо дохил шуданд.

“Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 ва чемпионати имсолаи ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ гирифт, беҳтарин варзишгари соли 2024 дониста шуд”, – гуфт Нарзулло Латипов.

 

Ин варзишгарон ба 10-гонаи беҳтаринҳо дар соли 2024 шомил шуданд:

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) – барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ва чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар вазни то 81 кг;

Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни +100 кг;

Давлат БОЛТАЕВ (бокс) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни то 92 кг;

Абдулмаҷид КУДИЕВ (гуштини озод) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тиранаи Албания дар вазни то 70 кг;

Акмал УБАЙДОВ (бокс) – барандаи медали тиллои чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 60 кг;

Виктор РАССАДИН (гуштини озод) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни то 74 кг;

Парвиз КАРИМОВ (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 92 кг;

Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Tashkent Grand Slam 2024” дар вазни то 66 кг;

Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2024” дар вазни то 60 кг;

Сорбон ЛАТИФОВ (самбо) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни то 64 кг.

АЖРВТ як созмони ҷамъиятӣ аст, ки дар он журналистони риштаи варзиш дар Тоҷикистон гирди ҳам омадаанд. Даҳ варзишгари беҳтарини солро ҳамасола журналистони риштаи варзиши кишвар интихоб мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио