Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?

Asia-Plus

Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2025 барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ маълумтномаи изи ангушт талаб карда мешавад. Бидуни он санади доғи судӣ дода намешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ  гуфтааст, ба фармоиши ВКД “Дар бораи Дастурамал оид ба пешниҳод намудани маълумот дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ ва ё мавҷуд будани таъқиби ҷиноятӣ” тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Ин ниҳод зикр кардаст, ки дар асоси тағйиру иловаҳо акнун барои гирифтани маълумтномаи доғӣ судӣ чунин ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад:

– нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи миллӣ ё хориҷӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи тағйири ному насаб (ҳангоми мавҷуд будан) ва шаҳодатномаи таваллуд (барои ноболиғон);

– маълумотнома дар бораи гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ (изи ангушт) (ба истиснои ноболиғон ва шахсоне, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд);

– пешниҳоди расиди пардохти хизматрасонӣ.

ВКД гуфтааст, ки бидуни маълумотномаи изи ангушт санади доғи судӣ доштан бе ҳузури худи шахс дода намешавад.

“Маълумотнома дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ ва ё мавҷуд будани таъқиби ҷиноятӣ ба ноболиғон ва шахсоне, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд, бо пешниҳод намудани аризаи волидайн ё намояндагони қонунӣ бо нишон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ё муқарраркунандаи васоят ва парасторӣ пешниҳод карда мешавад”, -гуфтааст ин ниҳод.

Як шахс як маротиба аз қайди изи ангушт мегузарад ва дар сурати дубора гирифтани маълумотномаи доғи судӣ ин санад истифода мешавад.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки шаҳрвандон метавонанд, ки изи ангуштро дар мизи шиносномадиҳии маҳалли зисти гиранд.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки ин ҳуҷҷат ройгон дода мешавад ва ё нархи муайян дорад. Кӯшишҳои мо ҳам барои дарёфти ин иттилоъ аз ВКД дар ин бора бенатиҷа анҷом ёфт. Ҳамчунин, маълум нест, ки ҳадафа аз талаби чунин санад дар чӣ аст.

Дар Тоҷикистон як шарти қабул ба кор пешниҳоди маълумотнома дар бораи доғи судӣ аст. Дар ин санади вазорат навишта мешавад, ки фард ҷинояте кардааст, ё не. Нархи он аз 30 сомонӣ (дар муҳлати 10 рӯзи корӣ додан) то 50 сомонӣ  (дар муҳлати 7 рӯзи корӣ додан) аст ва онро аз ҳамаи воҳидҳои маркази итттилооти ВКД гирифтан мумкин аст.

Дар ин мақола дар бораи ҷараёни дастрас намудани маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан маълумот пайдо мекунед.

 

Боз баро чӣ изи ангушт мегиранд?

Дар Тоҷикистон довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ вазифадор мешаванд, ки изи ангушт супоранд. Ин чора барои пешгирии кӯшишҳои ивазшавӣ дар имтиҳонҳо ва таъмини шаффофияти раванд пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, барои гирифтани шиносномаҳои намунаи нави дохилӣ ва хориҷӣ (биометрӣ) низ изи ангушт гирифта мешавад.

Ҳамчунин, сар аз соли 2018 зоироне, ки барои адои ҳаҷ ба Макка мераванд, дар Тоҷикистон изи ангушт мегиранд. Қаблан дар фурудгоҳҳои Арабистони Саудӣ аз ҳоҷиён изи ангушт мегирифтанд ва бо талаби ин кишвар минбаъд ин кор дар дохили кишварҳо анҷом дода мешавад.

 

Кӣ дар Тоҷикистон вазифадор аст изи ангушт супорад

Инчунин, мувофиқи моддаи 6 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» аз чунин шахсон ҳатман изи ангушт гирифта мешавад:

– гумонбарон дар содир кардани ҷиноят, боздоштшудагон, айбдоршавандагон, маҳкумшудагон, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ монеаи муайян кардани шахсияти худ мешаванд (ҚҶТ аз 29.12.2010, № 647);

– шахсоне, ки ба хидмати ҳарбӣ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ба кор дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ё сохторҳои онҳо, ки фаъолияти онҳо бо хатари зиёд ба ҳаёти кормандон ё режими махсуси махфият алоқаманд аст, тибқи рӯйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, қабул мешаванд;

– шахсоне, ки барои гирифтани иҷозатномаи истифодаи силоҳи оташфишон ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷои истиқомат муроҷиат мекунанд;

– шахсоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ё синну сол наметавонанд маълумот дар бораи шахсияти худро пешниҳод кунанд (ҚҶТ аз 29.12.2010, № 647);

– шахсоне, ки дар минтақаҳои хатарноки офатҳои табиӣ ва техногенӣ зиндагӣ мекунанд (ҚҶТ аз 29.12.2010, № 647);

– шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки аз ҳудуди Тоҷикистон депорт мешаванд (ҚҶТ аз 29.12.2010, № 647).

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки барои паноҳгоҳ ба Тоҷикистон меоянд, бояд ҳатман аз бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ ё изи ангушт гузаранд.

Бақайдгирии ҳатмии давлатии дактилоскопӣ ҳамчунин барои ҷасадҳое, ки шахсияти онҳо муайян нашудааст, татбиқ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...