Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?

Дар соли 2024 Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қатар, Черногория, Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт дар бораи ирсоли муҳоҷирони тоҷик ба ин давлатҳоро шартнома ба имзо расонид. Ахиран, Хадамоти муҳоҷират эълон кард, ки шаҳрвандони аз 20 то 38 солаи Тоҷикистон метавонанд сар аз соли 2025 барои кор ба Қатар раванд. Дар пайи ин “Азия-Плюс” бо […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар соли 2024 Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қатар, Черногория, Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт дар бораи ирсоли муҳоҷирони тоҷик ба ин давлатҳоро шартнома ба имзо расонид. Ахиран, Хадамоти муҳоҷират эълон кард, ки шаҳрвандони аз 20 то 38 солаи Тоҷикистон метавонанд сар аз соли 2025 барои кор ба Қатар раванд.

Дар пайи ин “Азия-Плюс” бо номи “Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?” мавод нашр кард. Ин ниҳод эълон кард, ки аҳолӣ метавонанд, тавассути рақамҳои “225 05 75” ва “225 02 21” дар бораи шарту шароити кор дар Қатар маълумоти бештар пайдо кунанд.

Вале баъди нашри ин мавод, хонандагони зиёди “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки телефонҳои барои тамос гузоштаи Хадамоти муҳоҷират кор намекунад, хомӯш аст ва ё ба зангҳо касе посух намедиҳад.

Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, рақамҳои пешниҳодкардаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнату муҳоҷират, ки барои дарёфти маълумоти бештар оид ба кор дар кишварҳои хориҷиро мегузорад, санҷем.

Аз 14 рақами пешниҳодшуда, ки "Азия-Плюс" санҷид, танҳо 5-тои он ба зангҳо посух доданд, дигар рақамҳо ҳарчанд ба баъзеаш занг меравад, касе посух намедиҳад, чандтои дигар умуман кор намекунад.

Аз ду рақаме, ки Хадамоти муҳоҷират барои эълони кор дар Қатар гузошта буд (225 02 21 ва 225 05 75) танҳо яктояш фаъол асту халос. Хабарнигори “Азия-Плюс” 6 маротиба пайиҳам бо ин рақамҳо тамос гирифт, вале танҳо як рақам (225 05 75) ба зангҳо ва саволҳои мо посух дод.

Аз ҷумла, ба саволи он ки то ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир мераванд, посух дод, ки “айни ҳол аз сабаби барнагаштани шаҳрвандони кишвар баъди итмоми мӯҳлати раводид ба тоҷикистониён ин кишвар ҷойи кор пешниҳод намекунад”.

Ин рақамҳо ҳамчунин, барои гирифтани маълумот оид ба кор дар Кореяи Ҷанубӣ, Черногория ва Баританияи Кабир низ гузошта шудааст. 

Ду рақами дигар (225 07 28 ва 225 07 33), ки барои гирифтани маълумот оид ба кор дар Британияи Кабир аз ҷониби мақомот пешниҳод шуда буд, фаъол аст, вале касе ба зангҳо посух намедиҳад.

Ҳамчунин, Вазорати меҳнату муҳоҷирати кишвар рӯзи 25-уми декабр эълон кард, ки дар семоҳаи аввали соли 2025 як гурӯҳ кафшергарон аз Тоҷикистон барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ мераванд.

Ин ниҳод гуфт, ки шаҳрвандоне, ки хоҳиши кор дар ин кишварро доранд, метавонанд ба Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат муроҷиат кунанд ва ё ба рақамҳои зерин занг зананд: 250-32-42 (Вазорати меҳнат), 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93 ва +992 906 88 93 13.

“Азия-Плюс”  ҳашт рақами пешниҳодкардаи Вазорати меҳнату муҳоҷиратро санҷид ва маълум гардид, ки аз 8 рақами пешниҳодшуда танҳо 4 рақам фаъол асту ба зангҳои шаҳрвандон посух медиҳад. Аз ин рақамҳо 250-32-42, 221-39-67, +992 987 906 666, +992 906 88 93 13 дутояш хомӯш ва дуи дигар фаъол буданд, аммо ба зангҳо касе посух надод.

Чаҳор рақами дигари пешниҳодкардаи Вазорати меҳнат (+992 55 555 1080, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93) ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа тааллуқ дошт, ки ба зангҳои мо посух доданд.

Мо ҳамчунин, бо рақамҳои “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, ки барои омӯзиши забони кореягӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират гузошта шуда буд, тамос гирифтем.

Аз ду рақамҳои (+992 37-250-35-44, +992 44-620-08-02) пешниҳодкардаи марказҳо танҳо яктоаш фаъол аст, аммо касе посух намедиҳад.

Бояд гуфт, ки моҳи октябр Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид, ки ба шаҳрвандони мо имкон медиҳад, ба Корея барои кор (муҳоҷират) раванд. Барои кор дар Корея донистани забони кореягӣ ва соҳиби касб будан зарур аст.

Зимнан, чанд моҳ қабл мақомоти Тоҷикистон дар пайи “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-и мақомоти корҳои дохилии Русия, ки дар он номи 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст, барои санҷиши ном ва расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон рақами телефони зерсохторҳои худро пешниҳод кард.

“Азия-Плюс” ба рақамҳое, ки барои тамос ва расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон пешниҳод шуда буд, занг зад ва санҷид, ки кадоми онҳо кор мекунанд.

Маълум шуд, ки на ҳамаи рақамҳои барои тамос гузошташуда фаъоланд. Баъди ин санҷиш маълум гардид, ки аз 22 рақами телефони барои тамос гузошташуда, 11 рақам ё фаъол нест ё посух намедиҳад.

Ин ҳолат на танҳо эътимоди шаҳрвандонро ба мақомоти Тоҷикистон коҳиш медиҳад, балки мушкили дастрасӣ ба маълумоти муҳимро барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба вуҷуд меорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.