Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?

Аввали моҳи ноябри соли равон дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин санад ба танзими ҷараёни муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Кувайт дахл дорад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аввали моҳи ноябри соли равон дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин санад ба танзими ҷараёни муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Кувайт дахл дорад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” ҳадафҳо ва муқаррароти калидии Ёддошти мазкурро шарҳу тавзеҳ дод.

Муқаррароти асосӣ

Мувофиқи Ёддошти имзошуда, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Кувайт бар асоси шартномаҳои меҳнатии инфиродӣ, ки тибқи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнати ин кишвар танзим мешаванд, кор хоҳанд кард.

Дар санад соддакунии талаботу расмиёт барои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ байни ду кишвар дар доираи меъёрҳои амалкунандаи қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳадаф ва шартҳои Ёддошт

Ҳадафи асосии имзои санад таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнату шуғл ва рушди қувваи корӣ унвон мешавад. Дар санад муҳиммияти ҳифзи ҳуқуқҳои кормандони хориҷии машғули кор дар бахши хусусӣ мувоиқи қонунгузории ҳарду кишвар таъкид шудааст.

Шартҳои асосии меҳнат, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва корманд мутобиқи қонугузории Кувайт муайяншуда, мавриди амал қарор мегирад.

Таъсир ба муҳоҷирати корӣ

Ёддошт ба тақвияти ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар Кувайт қарор доранд ва ба фаъолияти корӣ машғуланд, равона карда шудааст. Дар Созишнома инчунин беҳбуди корҳои ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти ваколатдори ҳарду кишвар оид ба масоили муҳоҷират, таъмини ҷойҳои кории холӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва гуногунсамт сохтани муҳоҷирати корӣ пешбинӣ шудааст.

Дурнамои бо кор таъмин шудани шаҳрвандони Тоҷикистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кор дар Кувайтро доранд, то ҳол ягон бор ба таври сафарбарии муташаккилона ба ин кишвар барои кор фиристода нашудаанд.

Пас аз тасдиқи Ёддошт шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки дар маъракаҳои ҷалби муташаккилона барои кор дар Кувайт иштирок кунанд. Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии бокортаъминкунии Тоҷикистон ва ширкати Al-Huqooq International Company-и Кувайт аллакай ба имзо расидааст.

“Ба ин тариқ, Ёддошт ба беҳтар намудани шароити муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва фароҳам овардани асосҳои бештари ҳуқуқӣ барои фаъолияти корӣ дар Кувайт нигаронида шудааст”, – зикр карданд дар Вазорати меҳнати Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио