Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?

Размикори тоҷик Доробшоҳ (Доробшо) Наботов дар қувваозмоии асосии мусобиқаи ZFN 2, ки рӯзи 14 декабр дар Коян (Кореяи Ҷанубӣ) доир мегардад, бо намояндаи Бразилия Матеус Камило рақобат мекунад. Дар ин мусобиқа роҳбари UFC Дана Уайт ҳузур хоҳад дошт ва агар намояндаи Тоҷикистон ғалаба ба даст орад, имкон пайдо мекунад, ки бо пурзӯртарин  лигаи ҷаҳон қарордод […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Размикори тоҷик Доробшоҳ (Доробшо) Наботов дар қувваозмоии асосии мусобиқаи ZFN 2, ки рӯзи 14 декабр дар Коян (Кореяи Ҷанубӣ) доир мегардад, бо намояндаи Бразилия Матеус Камило рақобат мекунад.

Дар ин мусобиқа роҳбари UFC Дана Уайт ҳузур хоҳад дошт ва агар намояндаи Тоҷикистон ғалаба ба даст орад, имкон пайдо мекунад, ки бо пурзӯртарин  лигаи ҷаҳон қарордод бандад.

Наботов рақобати охирини худро муқобили Мурод Биларов моҳи ноябри соли 2023 дар мусобиқаи AMC Fight Nights 122 гузаронид. Ин рақобат тамоми вақти пешбинишуда сурат гирифта, бо қарори якдилонаи доварон ба фоидаи Доробшоҳ анҷом ёфт. Доробшоҳ 9 рақобат гузаронида, дар ягонтоаш мағлуб нашудааст.

Матеус Камило охирин бор моҳи октябри соли равон дар мусобиқаи Tuff-N-Uff 139 муқобили Ҷонаски Соҷо ба толор баромада буд. Ин рақобат тамоми вақти пешбинишуда сурат гирифта, бо қарори якдилонаи доварон ба фоидаи Матеус анҷом ёфт. Матеус 10 рақобат гузаронида, 8 ғалаба ва 2 бохт дорад.

Чанде пеш размикори тоҷики ММА ба нишасти матбуотии UFC дар Абу-Даби омада, бевосита аз Дана Уайт дархост намуд, ки бо ӯ қарордод ба имзо расонад. Ӯ ба роҳбари Лига Дана Уайт савол дода, изҳор намуд, ки агар касе аз иштирокчиён хориҷ шавад, омода аст дар UFC 308 рақобат кунад.

– Пештар куҷо будӣ? Мо ҳоло силсилаи довталабонро ба анҷом расонидем, – посух дод ба ӯ Уайт. Ҳамчунин Уайт аз Наботов пурсид, ки чандсола асту чӣ натиҷаҳо дорад. Баъд роҳбари UFC ӯро даъват карда, назди ноиби президенти лига Хантер Кэмпбелл бурд. Сипас онҳо тамосҳо (рақамҳои телефон)-и худро ба ҳамдигар доданд.

Доробшоҳ Наботов 25-сола аст. Вай дар вазни сабук ҳунарнамоӣ мекунад. Устоди варзиши ММА, панкратион ва самбои ҷангист.

Варзишгар 31 январи соли 1999 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб Доробшоҳ ба Челябинск кӯчида, дар он ҷо ҷиддӣ ба ММА машғул шуд ва ба машқу тамрин дар толор оғоз кард. Дар муддати фаъолияти худ дар UFC ӯ 9 рақобат гузаронида, дар ҳамаи онҳо (4-тояш пеш аз муҳлат) ғолиб омадааст. Доробшоҳ дар лигаҳои ACA Young Eagles, Ural FC, AMC Fight Nights ҳунарнамоӣ кардааст.

Соли 2017 Наботов қаҳрамони Русия аз рӯи панкратион гардида, соли 2019 дар чемпионати Аврупо оид ба ММА, ки дар Рим (Италия) доир гардид, пирӯз шуд. Соли 2020 варзишгар дар чемпионати минтақаи Урал аз рӯи самбои ҷангӣ медали тилло гирифт. Соли 2019 Доробшоҳ дар чемпионати ҷаҳон оид ба ММА дар Манама (Баҳрайн) ҳунарнамоӣ карда, аммо дар даври аввал мағлуб шуд.

Дар ММА-и касбӣ Наботов бори аввал 13 январи соли 2018 дар мусобиқаи Samara MMA Federation: Battle on the Volga 2 рақобат карда, дар қувваозмоӣ бо Гаджиаҳмад Бабаев бо қарори доварон ғолиб дониста шуд. Аз соли 2021 ӯ ба таври мунтазам дар мусобиқаҳои касбӣ ҳунарнамоӣ намуда, натиҷаи варзиши худро то нишондиҳандаи хуби 8-0 расонид. Рӯзи 10 ноябри соли 2023 ӯ бо қарори доварон бар Мурад Билалов ғолиб омада, пас аз он дигар ҳунарнамоӣ накардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.