Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад

Созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид. Гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея мераванд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин ниҳод навишт, ки ёддошти тафоҳум байни ду кишвар “Оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми […]

Asia-Plus

Созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид. Гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея мераванд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод навишт, ки ёддошти тафоҳум байни ду кишвар “Оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кори (EPS)-и Корея” имрӯз, 31-уми октябр дар Душанбе ба имзо расид.

Ба иттилои ин ниҳод акнун ин ҳуҷҷатро ҳукуматҳои ду кишвар бояд ба тасвиб расонанд.

“Ёддошти тафоҳуми мазкур бо дарназардошти манфиатҳои миллии тарафайн омода гардида, ба таҳким ва рушди босуботи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, омода намудани неруи корӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои коргарони хориҷӣ, пешгирӣ ва будубоши ғайриқонунии муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҳар ду кишвар равона шуда, ба раванди гуногунсамтии (диверсификатсия) муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат менамояд”, – гуфтааст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Ин ниҳод бовар дорад, ки бо мавриди амал қарор гирифтани ин ёддошт шиддати бекорӣ дар кишвар паст карда шуда, бозори нави меҳнатӣ пайдо мешавад.

Тоҷикистон рӯзи 29-уми декабри соли 2023 ҳамчун кишвари 17-ум ба низоми EPS-и Кумитаи сиёсати хориҷии меҳнатии Корея ворид шуда буд.

Ҳарду кишвар ба мувофиқа расидаанд, ки барои омӯзиши забон ва касб, интиқол ва ҷалби неруи корӣ санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии дахлдори байналмилалии якдигарро содда мекунанд.

Вазорат гуфтааст, ки яке аз талаботи асосии корфармоёни Корея ин донистани забони кореягӣ ва маҳорати касбӣ мебошад.

“Вазорат бо назардошти талаботи мазкур омӯзиши забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳои мавриди талаботи бозори меҳнати Кореяро дар заминаи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии системаи вазорат ба роҳ мондааст”, – гуфтааст ин ниҳод.

Зикр шудааст, ки хоҳишмандони кор дар Корея метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кунанд ва баъди гузаштани курсҳои забони кореягӣ ба ин кишвар фиристода мешаванд.

Вазорат гуфтааст, ки дар ёддошти тафоҳум байни ду кишвар “механизми ҳифзи ҳуқуқ, манфиат ва озодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Корея ба инобат гирифта, ба манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, оқибатҳои манфӣ надоранд”.

Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабар ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Бори аввал соли 2022 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва минтақаи Хампиёнги музофоти Ҷола-Намдои Корея 58 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар гармхонаҳои Корея ба корҳои мавсимӣ сафарбар карда шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.