Кор дар Черногория. Ҳақи кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо метавон муроҷиат кард?

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Черногория дар соли 2025 даъват кардааст. Ин ниҳод бо нашри як эълон дар саҳифаи фейсбукаш гуфтааст, кор дар Черногория сохтмони роҳи мошин аст. Музди маош ба кормандон вобаста ба ихтисос аз 1000 евро бештар пардохт шуда, бар илова корфармо ҷойи хоб, […]

Asia-Plus

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Черногория дар соли 2025 даъват кардааст.

Ин ниҳод бо нашри як эълон дар саҳифаи фейсбукаш гуфтааст, кор дар Черногория сохтмони роҳи мошин аст. Музди маош ба кормандон вобаста ба ихтисос аз 1000 евро бештар пардохт шуда, бар илова корфармо ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, либоси корӣ ва корти нақлиёт медиҳад. Аммо чипта ва раводидро шаҳрванд бояд худаш дастрас кунад.

Аз Хадамоти муҳоҷират ба “Азия-Плюс” хабар доданд, озмун барои интихоби нафароне, ки ба муҳоҷирати корӣ фиристода мешаванд, моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад.

“Озмун бо иштироки намояндагони ширкати корфармо гузаронида шуда, рӯйхати муҳоҷирони корӣ тартиб дода мешавад”, – зикр карданд дар Хадамоти муҳоҷират.

Ба таъкиди манбаъ, феълан танҳо онҳое, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд худро номнавис кунанд.

Хадамоти муҳоҷират навиштааст, ки барои маълумоти бештар метавонед ба рақамҳои 225 05 75 ва 225 02 21 дар тамос шавед.

Бояд гуфт, ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Чанд рӯз пеш созишномаи ниҳоии ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид. Гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея мераванд. Барои донистани он ки чӣ гуна бояд ба Корея рафт ва ба куҷо муроҷиат кард, дар ин матлаби мо “Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио