Аз ҳаҷравандагон минбаъд изи ангуштро дар Тоҷикистон мегиранд

Аз ҳаҷравандагони Тоҷикистон имсол бори нахуст пеш аз сафар барои адои маросими ҳаҷ изи ангуштонашон (дактилоскопия)-ро мегиранд. Тавре сухангӯи Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Афшин Муқим хабар дод, изи ангушт дар Душанбе, марказҳои маъмурии вилоятҳои Хатлону Суғд ва аз зойирини ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ дар пойтахт гирифта мешавад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи дини […]

Asia-Plus

Аз ҳаҷравандагони Тоҷикистон имсол бори нахуст пеш аз сафар барои адои маросими ҳаҷ изи ангуштонашон (дактилоскопия)-ро мегиранд.

Тавре сухангӯи Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Афшин Муқим хабар дод, изи ангушт дар Душанбе, марказҳои маъмурии вилоятҳои Хатлону Суғд ва аз зойирини ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ дар пойтахт гирифта мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи дини ҷумҳурӣ, тибқи тартиби муқарраргардида имсол расмиёти марбут ба гирифтани изи ангушти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафарбар мегарданд,  дар дохили кишвар анҷом дода мешавад.

«Зимнан, ҳамасола чунин тадбири амниятӣ дар фурӯдгоҳҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ анҷом дода мешуд, ки боиси ташвиш ва издиҳоми зиёди ҳаҷравандагон мегардид. Аз ин лиҳоз, имсол бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ин тадбир дар худи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ карда мешавад», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Имсол ҳудуди 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардида, гурӯҳи аввали зойирини тоҷик иборат аз 180 нафар 6 август ба Макка раҳсипор мешаванд.

Мувофиқи қарордод байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, имсол равуои тоҷикистониёнро ба адои маросими ҳаҷ ду ширкати ҳавопаймоӣ – “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ва «Flynas»-и Арабистони Саудӣ таъмин мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2016 дар Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки шахсони синни аз 40-сола поин ба квотаи ҳаҷ дохил карда нашаванд. Ба ин васила Кумитаи умури дин кӯшиш мекунад, ки мушкилоти навбати хеле зиёди хоҳишмандони адои маросими ҳаҷро ҳаллу фасл созад.

Соли равон арзиши адои маросми ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2017 ин рақам – ба 32 ҳазору 671 сомонӣ, соли 2016 – 28 ҳазору 649 сомонӣ баробар буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.