Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?

Asia-Plus

Тартиби ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд, аз 5 марти соли 2025 бо ҳукми қонунӣ гирифтани қонуни дахлдор мавриди амал қарор мегирад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Мувофиқи қонунгузорӣ, баъзе ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирони қонуншикан маҳдуд шуда, ҳамчунин нисбати онҳо чораҳои назорати давлатии федералӣ дар соҳаи муҳоҷират татбиқ мегарданд. Тартиби ихроҷ нисбати шаҳрванди хориҷӣ аз санаи ба рӯйхати шахсони таҳти назорат ворид шудани ӯ амал мекунад.

Барои фаҳмидани дар рӯйхати таҳти назорат қарор гирифтани ному насаби Шумо, Telegram-бот @apnamecheck_bot-и мо кумак мекунад.

Рӯйхати шахсони таҳти назорат

Барои шахсони таҳти назорат як қатор уҳдадориҳо муқаррар мешавад. Аз ҷумла, онҳо бояд мақомоти минтақавии ВКД-ро аз макони будубоши худ ва ба миён омадани ҳолатҳое, ки ба мустақилона тарк кардани қаламрави Русия монеъа эҷод мекунанд, огоҳ созанд.

Дар сурати якчанд маротиба иҷрои накардани уҳдадориҳо аз ҷониби шахси зери назорат қарордошта, дар бораи ба муассисаи махсус ҷойгир кардани ӯ ва ихроҷаш қарор қабул карда мешавад. Бо хоҳиши шаҳрванди хориҷии дар муассисаи махсус ҷойгиршуда дар фурсати кӯтоҳ хешовандон, маъмурияти ҷойи кор ё таҳсил, вакили дифоъ, намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулгарии мансуб ба давлати шаҳрванд аз макони будубоши ӯ огоҳ карда мешаванд.

Дар бораи маҳдудиятҳо

Нисбати шахсони таҳти назорат як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд. Аз ҷумла, ба ин шаҳрвандон дар ба қайд гирифтани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ шудан, харидани нақлиёт, амволи ғайриманқул, ба қайд гузоштани автомобил ё ба қайд гирифтани ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд. Ғайр аз ин, ба онҳо идоракунии воситаи нақлиёт манъ шуда, кушодани суратҳисоби бонкӣ ва анҷоми як қатор амалиёти бонкӣ рад мешавад. Шахсони таҳти назорат наметавонанд ақди никоҳ банданд.

Тавре ки дар ВКД Русия хабар додаанд, мавриди амал қарор гирифтани рӯйхати шахсони таҳти назорат иловатан пайгирии вуруди муҳоҷиронро тақвият бахшида, ба кам шудани ҳолатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ имкон медиҳад. Маълумот доир ба дар рӯйхати таҳти назорат қарор доштан ё надоштани шаҳрванди хориҷӣ дар сомонаи расмии ВКД ҷойгир шуда, бидуни пардохти маблағ пешниҳод мегардад.

Чӣ гуна метавон аз ворид гардидан ба рӯйхат пешигирӣ кард?

Барои пешгирӣ аз ворид гардидан ба рӯйхати шахсони таҳти назорат, шаҳрвандони хориҷиро лозим аст, ки пеш аз ба Русия сафар кардан аз расмиёти якбораи қайди ҳатмии супурдани изи ангуштон (дактилоскопия) ва суратгирӣ гузаранд.

Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки саривақт барои гирифтан ва дароз кардани муҳлати ҳуҷҷатҳои вобаста ба муҳоҷират муроҷиат карда шавад. Ғайр аз ин, муҳлати амали патент ва анҷоми пешпардохтҳо бояд мудом пайгирӣ шуда, инчунин ВКД Русия саривақт бояд аз макони воқеии зист ва кор огоҳ карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...