Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд

Расонаҳои амрикоӣ ному насаби нафареро, ки дирӯз, 1-уми январ, дар шаҳри Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш карда, боиси марги 10 нафар ва захмӣ шудани 30 нафар шуд, эълон карданд. CBS News бо такя ба ду манбаъ дар мақомоти федеролии Амрико навишт, ҳамлавар Шамсуддин Ҷаббор ном дорад. Ин мард бо оташи ҷавобии пулис кушта шудааст. Шамсуддин […]

Asia-Plus

Расонаҳои амрикоӣ ному насаби нафареро, ки дирӯз, 1-уми январ, дар шаҳри Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш карда, боиси марги 10 нафар ва захмӣ шудани 30 нафар шуд, эълон карданд. CBS News бо такя ба ду манбаъ дар мақомоти федеролии Амрико навишт, ҳамлавар Шамсуддин Ҷаббор ном дорад. Ин мард бо оташи ҷавобии пулис кушта шудааст.

Шамсуддин Ҷаббор шаҳрвандии ИМА-ро доштааст ва қаблан дар артиши ин кишвар хидмат намудааст. Аммо асли табори ӯ аз кадом давлат аст номаълум боқӣ мемонад.

Субҳи 1-уми январ дар пайи бархӯрдани як мошини борбар ба издиҳоми одамон ба иттилои расонаҳои гуногуни амрикоӣ, аз 10 то 15 кас кушта ва беш аз 30 нафар захмӣ шуданд. Сабабу ангезаи ҷиноят маълум нест. Ҳодиса дар ҷануби аёлати Луизиана иттифоқ уфтод. Замоне ки мардум фаро расидани соли нави 2025-ро таҷлил мекарданд.

Баъзе аз шоҳидон гуфтаанд, ронанда ҳамчунин ба сӯйи одамон тир холӣ кард. Нерӯҳои пулис оташи ҷавобӣ кушодаанд.

Ҳокими Луизиана ҳодисаро “амали даҳшатбор” ва шаҳрдори Ню – Орлеан “амали террористӣ” номиданд. Мақомот гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.