Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои пеш имсол ба муносибати Соли нави 2025 ба мардуми кишвар паёми солинавӣ надод. Паёми табрикотии ӯ ҳамасола шоми 31-уми декабр дар сомонаи расмии президент нашр ва навори он тавассути ҳамаи телевизионҳои давлатӣ чанд маротиба пахш мешуд. Матни онро расонаҳои ҳукуматӣ ҳам нашр мекарданд. Вале то ҳол […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои пеш имсол ба муносибати Соли нави 2025 ба мардуми кишвар паёми солинавӣ надод. Паёми табрикотии ӯ ҳамасола шоми 31-уми декабр дар сомонаи расмии президент нашр ва навори он тавассути ҳамаи телевизионҳои давлатӣ чанд маротиба пахш мешуд. Матни онро расонаҳои ҳукуматӣ ҳам нашр мекарданд.

Вале то ҳол на дар сомонаи президенти Тоҷикистон ва на дар сомонаҳои расонаҳои ҳукуматӣ ва телевизионҳои давлатӣ паёми соли навии Эмомалӣ Раҳмон дида намешавад.

Сабаби чунин тасмим маълум нест. “Азия-Плюс” ба Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон барои шарҳи ин масъала муроҷиат кард, вале то ҳол шарҳе дастрас накард.

Дар ҳамин ҳол, чанд манбаъ аз расонаҳои давлатӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки фармон шудааст, ки табрикоти президентро ба муносибати соли нави 2025 нашр накунанд. Тасдиқи дурустии ин иддао аз манобеъи дигар ғайриимкон аст.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дар поёни ироаи паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар рӯзи 28-уми декабр мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии соли нави 2025 табрик карда буд.

Ӯ гуфт, “бо истифода аз фурсат, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати Соли нави мелодии 2025-ум, ки ҳоло мо дар остонаи он қарор дорем, самимона табрик мегӯям".

Президент ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик хушбахтӣ, хонаободӣ ва иқболи нек орзу кард.

Як мушоҳидаи мо  маълум кард, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солҳои гузашта (аз соли 2015 то соли 2023) танҳо соли 2016 дар поёни суханрониаш мардуми Тоҷикистонро бо соли нави мелодии 2017 табрик кардаасту халос. Солҳои дигар, ки паём дар нимаи дуввуми моҳи декабр ироа мешуд, президент соли навро табрик накардааст. Ё ҳаддиақал дар матни паём ҳарфе аз соли нав нест.

Дар ҳаддиақал 20 соли охир ин бори аввал аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нав паёми табрикӣ намедиҳад. Қаблан, ҳамасола навори табрикот ва матни он шоми 31-уми декабр пахш мешуд.

Аз ҷумла, раисҷумҳур дар паёми солинавии 2024, ки то ҳол дар сомонаи расмиаш дастрас аст, ба мардуми Тоҷикисон “саломатӣ ва бахту саодат орзу” карда, гуфта буд, ким “соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои кишвари мо боз як соли бобарору хотирмон гардид”. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.