“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд

Asia-Plus

Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон қонун дар бораи офиятбахшии саркӯбшудагони замони шӯравиро имзо кард. Ин санад Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи ҳуқуқ ва кафолатҳои шаҳрвандони ислоҳшуда, ки дар натиҷаи таъқиб барои эътиқоди сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва дигар асосҳо зарар дидаанд” ном дошта, 20-уми ноябри соли 2024 аз ҷониби Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) қабул ва аз ҷониби Содир Жапаров имзо гардида, 31-уми декабри 2024 дар сомонаи раиси ҷумҳури ин кишвар нашр шуд.

Ин қонун барои офиятбахшии шахсоне, ки бо сабабҳои сиёсӣ таъқиб ва барои “амалҳо, қонуншиканиҳо, кирдорҳои ношоиста, ки барои ҷомеа хатарнок эътироф нашудаанд” тибқи Кодекси ҷиноятии Русияи шӯравӣ, ки дар ҳудуди Қирғизистон то соли 1961 амал мекард, маҳкум шудаанд, заминаи қонунӣ фароҳам меорад.

Мувофиқи қонуни қабулгардида, аломатҳои таъқиби сиёсӣ қарорҳои ҳукумат, мақомоти идоракунӣ, мақомоти иҷроия, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҳизбӣ, комсомолӣ, иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои кооперативӣ ва шахсони масъули онҳо мебошанд, ки бо такя ба меъёри муайянкунии таркиби ҷиноӣ ва/ё маъмурӣ тибқи мазмун ва моҳияти санадҳое, ки дар давраи солҳои 1917 то 1953 қабул шудаанд, қабул гардидаанд.

Аммо тибқи ин қонун шахсоне, ки нисбати онҳо дар парвандаҳои ҷиноятӣ далелҳои собитшуда мавҷуд аст ва гуноҳи онҳо барои хиёнат ба Ватан исбот гардидааст, мавриди офиятбахшӣ қарор намегиранд. Аз ҷумла онҳое, ки ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 дар сафи низомиён ё ҳайати фармондеҳӣ ширкат варзидаанд ва ҷиноят содир кардаанд.

Ба навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, тибқи иттилои манобеъи мухталиф, дар ҷараёни таъқиботу саркӯбгариҳо дар Қирғизистон аз 20 то 40 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дар байни онҳо 137 нафар зиёиёни ин кишвар, аз ҷумла Тороқул Айтматов, Иманалӣ Айдарбеков, Баялӣ Исакеев, Қосим Тинистанов низ буданд, ки бо тамғаи “душмани халқ” дар авоили моҳи ноябри соли 1938 кушта шуданд. Тӯли даҳсолаҳо ҷои дафни онҳо номаълум боқӣ монд ва танҳо пас аз беш аз 50 сол пайдо гардид.

Қирғизистон аввалин кишвари минтақа нест, ки барои офиятбахшии нафарони мавриди таъқиби сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ қароргирифта, иқдом мекунад. Пештар иқдоми мазкур дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ оғоз гардида буд.

Моҳи сентябри соли 2023 Додгоҳи олии Қазоқистон 311 ҳазор “қурбонии таъқиби сталинӣ” ва муҳоҷиронеро, ки давоми солҳои 1929 – 1956 ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда буданд, сафед кард.

Ин раванд то ҳол идома дорад ва бар замми ин, ба қурбониёни таъқибот ҷубронпулӣ ҳам пардохт мегардад.

Дар Ӯзбекистон ҳам раванди офиятбахшии саркӯбшудагони сиёсӣ дар замони шӯравӣ барвақт оғоз гардидаву идома дорад.

Моҳи сентябри соли 2023 Додгоҳи олии Ӯзбакистон 240 нафарро, ки давоми солҳои 1920 – 1931 қурбони таъқиботи давлати Шӯравӣ шуда буданд, сафед кард. Онҳо дар муқовимати мусаллаҳона ба мақомоти шӯравӣ айбдор шуда буданд.

Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон чандин сол аст, ки ба бозбинии таърихи хеш пардохта, нафарони зиёди дар пайи таъқибот маҳкумшуда сафед шуданд. Ба навиштаи gazeta.uz пештар 616 нафари дигар сафед карда шуда буданд. Ҳамин тавр, шумораи умумии сафедшудагон дар Ӯзбекистон ба 856 нафар расидааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон чандин сол аст, рӯшанфикрон аз зарурати бозбинии таърихи сад соли пеш ҳарф мезананд ва таъкид мекунанд, ки ҳаракати “муқовимат”, ки дар замони Шӯравӣ “босмачигарӣ” муаррифӣ шуда буд, бояд таҳлили ҳамаҷониба гардад. Ҳамчунин, онҳое, ки дар замони Шӯравӣ чун “душмани халқ” бадарға шуда буданд, бояд сафед шаванд.

Аз ҷумла, силсиламақолаи доктори илми таърих Сайфуллоҳи Муллоҷонон оид ба таърихи сад соли пеши Тоҷикистонро метавон чун кӯшиши таҳқиқи холисонае унвон кард, ки бо дидгоҳи мутафовит аз андешаи муҳаққиқони аҳди Шӯравӣ иншо шудааст. 

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар ин замина иқдоме рӯйи даст нагирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...