Тантанаи адолат? Додгоҳи олии Ӯзбекистон 240 босмачиро сафед кард

Додгоҳи олии Ӯзбакистон боз 240 нафарро, ки давоми солҳои 1920 – 1931 қурбони таъқиботи давлати Шӯравӣ шуда буданд, сафед кард. Онҳо дар муқовимати мусаллаҳона ба мақомоти шӯравӣ (иштирок дар ҳаракати босмачигарӣ) айбдор шуда буданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ хабар додааст. Ба навиштаи манбаъ, дар ҷаласаи додгоҳӣ дар маҷмӯъ, панҷ парвандаи ҷиноӣ баррасӣ […]

Asia-Plus

Додгоҳи олии Ӯзбакистон боз 240 нафарро, ки давоми солҳои 1920 – 1931 қурбони таъқиботи давлати Шӯравӣ шуда буданд, сафед кард. Онҳо дар муқовимати мусаллаҳона ба мақомоти шӯравӣ (иштирок дар ҳаракати босмачигарӣ) айбдор шуда буданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, дар ҷаласаи додгоҳӣ дар маҷмӯъ, панҷ парвандаи ҷиноӣ баррасӣ гардидааст.

“Тибқи маводи парванда, дар давраи аз соли 1929 то соли 1931 дар вилоятҳои мухталифи ҳудуди Қорақалпоқистони имрӯза, вилоятҳои Сурхондарё, Навоӣ, Самарқанд ва Қашқадарё 240 нафар шаҳрвандони ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Қазоқистон ба иштирок дар харакати босмачиён, ташкил кардани дастаҳои мусаллаҳ ва амалиёт бо мақсади шӯришҳои мусаллаҳона ё амалиёти контрреволюционӣ ба муқобили ҳокимияти Шӯравӣ гунаҳкор шуда буданд. Додгоҳи олӣ эътирози муовини додситони кулли Ӯзбекистонро аз рӯи ин парвандаҳои ҷиноӣ ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ қонеъ кард. Дар натиҷа, тибқи моддаи 83-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ 240 нафар сафед карда шуданд”, – менависад манбаъ.

Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон чандин сол аст, ки ба бозбинии таърихи хеш пардохта, нафарони зиёди дар пайи таъқибот маҳкумшуда сафед шуданд. Ба навиштаи gazeta.uz пештар 616 нафари дигар сафед карда шуда буданд. Ҳамин тавр, шумораи умумии сафедшудагон дар Ӯзбекистон ба 856 нафар расидааст.

Ба навиштаи ин расона, рӯйхати қурбониёни таъқибот аз ҷониби гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 октябри соли 2020 таъсис ёфтааст, бо мақсади амиқтар омӯхтани мерос ва пос доштани хотираи қурбониёни ин ҳодиса таҳия шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.