“Мизони гуруснагӣ дар Тоҷикистон мӯътадил аст”. Шохиси ҷаҳонии гуруснагӣ кишварҳои гуруснаро номбар кард

Дар шохиси ҷаҳонии гуруснагӣ дар соли 2022, Тоҷикистон дар байни 121 кишвари ҷаҳон дар ҷои 67 -ум қарор гирифтааст ва мизони гуруснагии кишвари мо “мӯътадил” гуфта мешавад. Ин маълумот дар сомонаи расмии Global Hunger Index оварда шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар таҳқиқоте, ки Шохиси ҷаҳонии гуруснагӣ миёни 121 давлати ҷаҳон гузаронидааст, Тоҷикистон бо 13,9 хол […]

Дар шохиси ҷаҳонии гуруснагӣ дар соли 2022, Тоҷикистон дар байни 121 кишвари ҷаҳон дар ҷои 67 -ум қарор гирифтааст ва мизони гуруснагии кишвари мо “мӯътадил” гуфта мешавад. Ин маълумот дар сомонаи расмии Global Hunger Index оварда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар таҳқиқоте, ки Шохиси ҷаҳонии гуруснагӣ миёни 121 давлати ҷаҳон гузаронидааст, Тоҷикистон бо 13,9 хол дар раддаи 67-ум қарор гирифтааст.

Мақоми Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии гуруснагӣ зина ба зина паст шуда истодааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2000-ум 40,3 хол, дар соли 2007-ум 32,9 хол ва дар соли 2014-ум 20,6 хол буд.

Дар раддабандии Шохиси ҷаҳонии гуруснагӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеъи аввалро Ӯзбекистон касб кардааст.

– Ӯзбекистон дар мақоми 21-ум;

– Қазоқистон дар мақоми 24-ум;

– Қирғизистон дар мақоми 40-ум;

– Туркманистон дар мақоми 49-ум.

Кишварҳои Беларус, Босния ва Ҳерсеговина ва Чилӣ дар садри шохиси гуруснагӣ қарор доранд.

Нишондиҳандаҳои нигаронкунанда ва аз ҳама пасти гуруснагӣ дар кишварҳои Мадагаскар, Африқои Марказӣ ва Яман мушоҳида мешавад.

Русия дар мақоми 28-ум қарор дорад.

Бояд гуфт, ки ин нишондиҳанда бо ҷамъи чор нишондиҳанда барои ҳар як кишвар муайян карда мешавад:

– фоизи аҳолӣ, ки маводи ғизоии кофӣ надоранд;

– фоизи кӯдакони лоғари то панҷсола;

– фоизи кӯдакони қадпасти то панҷсола;

– фоизи фавти кӯдакони то панҷсола;

Ёдовар мешавем, ки Шохиси ҷаҳонии гуруснагӣ дар кишварҳое, ки нишондиҳандаҳои зарурӣ дастрас нестанд, инчунин барои баъзе кишварҳо бо даромади баланд ё аҳолии кам ва ё бидуни қаламрави мустақил ҳисоб намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.