Эмомалӣ Раҳмон ба киҳо рутбаи генералӣ дод?

Имрӯз, 8-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба чанд корманди мақомоти қудратии кишвар рутбаи генерал-майор ва “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3” дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, онҳо хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, ВКД, Прокуратураи  генералӣ, Оҷонсии зиддифасод Тоҷикистон ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии […]

Имрӯз, 8-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба чанд корманди мақомоти қудратии кишвар рутбаи генерал-майор ва “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3” дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, онҳо хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, ВКД, Прокуратураи  генералӣ, Оҷонсии зиддифасод Тоҷикистон ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон мебошанд.

Аз ҷумла, Файзулло Нозимзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД соҳиби рутбаи ҳарбии генерал-майори милитсия шуданд.

Ҳамчунин, се муовини додситони кулли Тоҷикистон, Дилшод Талбакзода, Мирзоамон Рофизода ва Икром Зоирзода, ки ҳамзамон Сарпрокурори ҳарбии кишвар аст, соҳиби рутбаи дараҷавии “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, ки дар ин сохтор ба ҳадди генералӣ аст, соҳиб шуданд.

“Хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Кувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар воҳидҳои низомӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз худ матонату маҳорати баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, дар таъмини амнияту субот, ҳифзи дастовардҳои миллат ва ваҳдати сартосарӣ нақши муассир доранд”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани рутабҳо.

Ӯ афзудааст, ки ҳукумат хизматҳои онҳоро қадршиносӣ намуда, онҳоро бо шароитҳои арзандаву шоистаи хизмату зиндагӣ фаро мегирад.

Қаблан, дар моҳи феврали соли равон низ як қатор кормандон мақомоти қудратӣ соҳиби рутбаи ҳарбии генерал шуда буданд.

Аз ҷумла, Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, маъруф бо Шоҳ Искандар, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бӯстон, Суҳроб Рауфзода, фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД уртбаи генералӣ гирифта буданд.

Манбаъ менависад, ки дар охири маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, низ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Он замон гуфта нашуда буд, ки ба чанд нафар рутбаи генералӣ дода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.