Арабистони Саудӣ аз таъсиси Созмони умумиҷаҳонии об хабар дод

Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Валиаҳди Арабистони Саудӣ таъсиси Созмони умумиҷаҳонии обро дар шаҳри ар-Риёз эълон кард, ки ҳадаф аз он таҳкими ҳамгироии байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли ҳамаҷонибаи чолишҳои об тавассути табодули таҷриба ва навовариҳои технологӣ, тадқиқот ва мусоидат ба маблағгузории бунёди тарҳҳои сифатан баланд ба манзури таъмини устувории захираҳои об ва дастрасии […]

Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Валиаҳди Арабистони Саудӣ таъсиси Созмони умумиҷаҳонии обро дар шаҳри ар-Риёз эълон кард, ки ҳадаф аз он таҳкими ҳамгироии байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли ҳамаҷонибаи чолишҳои об тавассути табодули таҷриба ва навовариҳои технологӣ, тадқиқот ва мусоидат ба маблағгузории бунёди тарҳҳои сифатан баланд ба манзури таъмини устувории захираҳои об ва дастрасии умум ба он мебошад.

Ин ташаббус баёнгари нақши Шоҳигарӣ дар мубориза бо чолишҳои об дар саросари ҷаҳон ва уҳдадориҳои кишвар нисбати масъалаҳои устувории зерсохторӣ бо назардошти  таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар давоми даҳсолаҳо дар соҳаи истеҳсол, интиқол ва тақсими об, навовариҳо барои ҳалли технологии чолишҳо, саҳмгузорӣ дар сарбанди рӯзномаи байналмилалӣ гузоштани масъалаҳои вобаста ба об ба шумор меравад, ки аз ҷумлаи он то ҳол ҷудо кардани зиёда аз 6 млрд долл. ИМА барои кишварҳои 4 қитъаи ҷаҳон ҷиҳати иҷрои тарҳҳои обу корезӣ мебошад.

Созмони мазкур ҳадафҳои худро ҳамроҳ бо давлатҳое, ки мувоҷеҳи чолишҳои об мебошанд, ҳамчунин давлатҳое, ки таҷриба ва саҳмияҳои назаррас дар соҳаи об доранд, пиёда карда, бо назардошти эҳтиёҷи рӯзафзун ба об то соли 2050, ки дар он теъдоди аҳолии ҷаҳон тибқи пешгӯиҳо ба 9,8 млрд хоҳад расид, лоиҳаҳои муҳими рӯзномаи ватаниро ба зимма мегирад.

Шоҳигарӣ ба ҳамкорӣ бо давлатҳои узв ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, ки ба таъмини об ва фароҳам овардани ояндаи амн ва устувор дар соҳаи об равона шудаанд,  умед мебандад.

Ҳамзамон бо эълони ин Созмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогирии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерландия ва Ҷумҳурии Сенегал пешбарӣ шуда буд, қабул кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.