Вазорати маориф ва илм: душанбеи 11-уми сентябр рӯзи дарсӣ аст

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи душанбеи 11-уми сентябр барои хонандагони синфҳои аз 5 то 11 ва донишҷӯён рӯзи дарсӣ аст. Ин дар ҳолест, ки дар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид агар таҷлили ҷашн ба рӯзи истироҳатӣ рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳамчун рӯзи истироҳатӣ эълон карда мешавад. Дар асоси ин, рӯзи 9-уми […]

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи душанбеи 11-уми сентябр барои хонандагони синфҳои аз 5 то 11 ва донишҷӯён рӯзи дарсӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки дар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид агар таҷлили ҷашн ба рӯзи истироҳатӣ рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳамчун рӯзи истироҳатӣ эълон карда мешавад.

Дар асоси ин, рӯзи 9-уми сентябр, ки истироҳатӣ буда, ҷашни Истиқлоли давлатӣ таҷлил мешавад, рӯзи 11-уми сентябр истироҳатӣ аст.

Вале Вазорати маориф ва илм бо нашри як иттилоия дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” хабар додааст, ки дар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид, танҳо рӯзи 9-уми сентябр рӯзи истироҳатӣ буда, рӯзи 11-уми сентябр фақат муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) истироҳат мекунанд.

“Машғлиятҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 5-11 ва донишҷӯён тибқи тартиб ба роҳ монда мешавад”, – гуфтааст Вазорати маориф ва илми кишвар.

Бояд гуфт, ки рӯзи шанбе барои хонандагони синфҳои болоӣ – аз 5 то 11 ва донишҷӯён рӯзи дарсӣ мебошад. Аз рӯи ин, онҳо танҳо рӯзи шанбе, ки дасрӣ аст, итсироҳат мекунанд ва рӯзи душанбе бо тартиби маъмулӣ ба даср мераванд.

Ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон имсол дар ҷашни Истиқлолти давлатӣ 3 рӯз – 9, 10 ва 11 сентябр пайиҳам истироҳат мекунанд.

Ёдовар мешавем, мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат эълон мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.