Охири ҳафта тоҷикистониён 3 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

Сокинони Тоҷикистон имсол дар ҷашни Истиқлолияти давлатӣ 3 рӯз – 9, 10 ва 11 сентябр пайиҳам истироҳат мекунанд. Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад. Дар ин […]

Сокинони Тоҷикистон имсол дар ҷашни Истиқлолияти давлатӣ 3 рӯз – 9, 10 ва 11 сентябр пайиҳам истироҳат мекунанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад.

Дар ин рӯзҳои ҷашн дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои идонаи сайругашти оммавӣ, консерт ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ки аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, чорабинии асосии ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатӣ шоми 9 сентябр дар майдони “Истиқлол” баргузор мешавад. Ба сокинон ва меҳмонони пойтахт намоишномаи театришуда бо иштироки сарояндагони маъруф ва ҳунармандон пешкаш мегардад.

Воридшавӣ ва тамошои чорабиниҳои фарҳангӣ дар боғҳои пойтахт мисли солҳои пешин бепул аст.

Аз хадамоти матбуоти президенти кишвар ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки имсол сафороии низомӣ ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлолият бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар майдони “Дӯстӣ” рӯзи 8 сентябр доир мегардад. Оғози гузашти низомӣ – соати 09:00.

Дар гузашти низомӣ ҳудуди 17 ҳазор нафар афсарону сарбозон иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.