“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта

Дар соли 2024 18 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз шаҳри Маскав ихроҷ карда шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 6 ҳазор кас бештар будааст. Онҳо ҳақ надоранд, ки то 5 сол дубора ба Русия баргарданд.  Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” хабар дода, навиштааст, ки муҳоҷирон “барои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ва иқомат […]

Asia-Plus

Дар соли 2024 18 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз шаҳри Маскав ихроҷ карда шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 6 ҳазор кас бештар будааст. Онҳо ҳақ надоранд, ки то 5 сол дубора ба Русия баргарданд. 

Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” хабар дода, навиштааст, ки муҳоҷирон “барои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ва иқомат дар Федератсияи Русия аз Москва хориҷ шуданд”.

“Дар соли 2023 ин шумора тақрибан 12 ҳазор нафарро ташкил дода буд”,-навиштаатс ин хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ихроҷ шудаанд. Дар байни онҳо шаҳрвандони кишварҳои Латвия, Фаронса ва Эстония низ ҳастанд.

“Ҳамаи хориҷшудагон аз ҷониби суд гунаҳкор дониста шуданд. Онҳо моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия (вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё реҷаи иқомат дар Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд)-ро вайрон кардаанд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамаи ихроҷшудагон наметавонанд дар муддати 5 сол дубора ба Русия баргарданд.

Қаблан, ин расона хабар дода буд, ки соли гузашта дар вилояти назди Маскав 5,1 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ карда буданд.

Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав, ки 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асост дастгир гардиданд, фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд. 

Танҳо дар моҳи октябр ба навиштаи расонаҳои русӣ панҷ лоиҳаи қонун ба Думаи давлатӣ ворид шудааст, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкил мекунад.

Вакилони Дума ислоҳотеро роҳандозӣ карданд, ки дарёфти иҷозаи иқомати доими Русияро тариқи издивоҷ бо шаҳрвандони ин кишвар маҳдуд мекунад. Ҳамчунин, дар ин кишвар низоми нави махсуси ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ шуд.

Ба иттилои расмӣ танҳо дар 6 моҳи соли гузашта 17 ҳазор шаҳрванди  Тоҷикистон аз Русия ихроҷ карда шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.