Табибони тоҷик бори нахуст бидуни буриш майнаи сарро ҷарроҳӣ кардаанд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе табибони тоҷик бори нахуст бе буриш ҷарроҳии рагҳои калони мағзи сарро анҷом додаанд. Ин гуна ҷарроҳӣ то кунун дар хориҷа ё бо овардани мутахассисони хориҷӣ гузаронида мешуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, табибони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (маъруф ба бемористони Қарияи Боло) дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташхисию табобатии “Дастаи Дил” бори нахуст ҷарроҳии косахонаи сари сокини 16-солаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлонро, ба таври махсус – тариқи эндоваскулиярӣ, яъне бе буриш гузаронидаанд.

Косахона ва майнаи сари бемор ҳангоми афтодан ҷароҳати ҷиддӣ бардошта будааст. Маълум нест, ки ҷарроҳӣ кай гузаронида шудааст.

“Ташхис нишон дод, ки раги калони майнаи сари бемор ҳангоми дохил шудан ба косахонаи сар сурох гардида, бо рагҳои варидӣ пайваст шудааст, ки дар натиҷа дар бемор нобиноӣ, варам ва сурхии чашм ва инчунин рафтани хунравиҳои шадид аз бинӣ ва даҳон  ба вуҷуд омадааст”, – гуфтааст Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи “Шифобахш”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъи саломатии бемор хуб аст ва бемориаш пурра бартараф шудаааст. Чанд рӯз пас бемор ба хона рухсат мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ менависад, ки чунин ҷарроҳӣ яке аз ҷарроҳиҳои мушкил ва мураккаби рагҳои калони мағзи сар ба ҳисоб мерафт.

Ин гуна ҷарроҳӣ то кунун дар кишвар гузаронида намешуд ва беморон ё ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекарданд ва ё барои гузаронидани чунин ҷарроҳиҳо мутахассисон аз хориҷи мамлакат даъват карда мешуданд.

Гуфта мешавад, “бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба табибони ватанӣ имконият даст дод, ки чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳиро бори аввал дар кишвар бомуваффақият гузаронанд”.

Ёдовар мешавем, ки Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари “Шифобахш”, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро бо ҳамкорони хеш гузаронидааст, дар самти омухтани ҷарроҳиҳо дар риштаи мағзи сар давоми якуним сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз такмили ихтисос гузашта, донишу малака ва таҷрибаи хешро баланд бардоштааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” амалиёти ҷарроҳии гематомаи дохили мағзи сар бори аввал бомуваффақият анҷом дода шуда буд. Онро ҷарроҳи нейрохирург Назрулло Рахимов анҷом дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...