«Тоҷик-Эйр» парвозҳо аз Душанбе ба Кӯлобу Панҷакентро оғоз мекунад. Кай ва нархи чиптаҳо чанд аст?

Муҳамад Назар, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Кӯлоб ва Душанбе–Панҷакент хабар дод.

Ба гуфта ширкати "Тоҷик Эйр", парвоз миёни Душанбе ва Кӯлоб ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд. Парвози аввалин аз Душанбе ба Кӯлоб рӯзи 15-уми январ сурат мегирад. 

Ба иттилои манбаъ, нархи чиптаи ин масир 300 сомонӣ (шоми дирӯз "Тоҷик Эйр" нархи чиптаро дар ин масир 350 сомонӣ эълон кард, аммо ин субҳ онро то 300 сомонӣ поён овард) буда, вақти парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб соати 09:00 саҳар ва аз Кӯлоб ба Душанбе 10:00 саҳар оғоз мешавад.

“Парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб ва баръакс 30 дақиқа давом меёбад”, – гуфтанд аз “Тоҷик-Эйр” ба “Азия-Плюс”.

Ҳамчунин, манбаъ мегӯяд, парвозҳо дар хатсайри Душанбе–Панҷакент–Душанбе ҳам ҳафтае се бор, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе сурат мегиранд.

Аввалин парвоз аз Душанбе ба Панҷакент рӯзи 14 январ дар назар аст. Арзиши чиптаи ин масир  400 сомонӣ гуфта мешавад.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Панҷакент соати 09:00 саҳар ва аз Панҷакент ба Душанбе соати 10:30 саҳар маълум шудааст. Парвоз 40-45 дақиқаро дар бар мегирад.

Ширкати “Тоҷик-Эйр” гуфтааст, ки барои фармоиши чипта шаҳрвандон ба суроғаи ин ширкати ҳавопаймоӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, муроҷиат кунанд ва ё ба  рақамҳои (+992) 110000012 занг зананд.  Фурӯши чиптаҳо аз рӯзи 8-уми январ оғоз шудааст.

Парвозҳо ба ин ду масир бо ҳавопаймоии АН-28, ки анҷом хоҳанд шуд, ки барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.

Ширкати "Тоҷик Эйр" қаблан гуфта буд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки охири моҳи сентябри соли гузашта “Тоҷик-Эйр” пас аз чанд сол қарздорӣ ва "танаффус" эълон кард, ки парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ–Душанберо дигарбора барқарор мекунад. Парвоз дар як ҳафта се маротиба, душанбе, чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешавад, вале парвози ҳавопаймо ба вазъи ҳаво вобаста аст. Нархи чипта ба Хоруғ 900 сомонӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...