“Метро созанд, баъд зан мегирам…”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе

Asia-Plus

Вазорати нақлиёт рӯзи 6-уми январ аз оғози сохтмони метро дар Душанбе дар тобистони соли 2025 иттилоъ хабар дод. Ҳарчанд баъдтар ин ниҳод хабари қаблан дар сомонааш нашркардаро тағйир дод ва гуфт, имсол танҳо омодагӣ ба сохтмони метро оғоз мегардад, аммо аздусар аксари сокинони пойтахт ин хабарро бо хушнудӣ пазируфтанд. Махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони зиёд оид ба бунёди метро дар Душанбе андешаи худро навиштанд. “Азия-Плюс” андешаи корбаронро дар ин матлаб гирдоварӣ кард.

Бояд гуфт, тибқи нақшаи муаррифишуда, метро дар Душанбе зеризаминӣ мешавад ва ба навиштаи Вазорати нақлиёти кишвар, аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км аз қисмати ҷануби шаҳр (Дарвозаи ҷанубӣ) ба марказ – то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад. Гуфта мешавад, барои гузаронидани корҳои пешакӣ Бонки Кореяи Ҷанубӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

 

 

Метрои “тоҷикона”

Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз оғози сохтмони метро дар Душанбе изҳори хушҳолӣ кардаанд ва онро яке аз унсурҳои шаҳрҳои бузурги ҷаҳонӣ номиданд. Баъзеи дигар изҳори умед карданд, ки метро дар вақти муайяншуда бунёд мешавад.

Гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар метрои тоҷикӣ гаштугузори занону мардони тоҷикро тасаввур ва инъикоси фарҳангу вижагиҳои миллиро дар он пешниҳод карданд.  

Як корбаре бо исми "Dilovar HD" дар шабакаи иҷтимоии фейсбук тасаввуроти худро  чунин навишт: “Даруни метро медароӣ, занҳо ва духтарон бо либоси миллӣ, мардҳо дар сар тоқӣ. Чӣ кадар саҳнаи аҷоиб.”

"König Prinz" ном корбаре пешниҳод кард, ки “агар ҳар як истгоҳро бо меъмории тоҷикона ва кандакорӣ оро бидиҳанд, беҳтарин мешавад”.

 

 

“Метро ягона роҳи ҳалли танбашавии мошинҳо”

Теъдоде аз сокинон бунёди метро дар Душанберо яке аз роҳҳои муассири ҳалли мушкили тамбашавӣ медонанд.

Аз ҷумла, "Sangin Komilzoda" навишт, “метро ягона роҳест, ки мушкили тамбашавии мошинҳо дар роҳҳоро бартараф менамояд”.

"ismoilorifov_03" бо танз навиштааст, “тори замин ин қадар “пропка” аст, акнун боз дар таги замин “пропка” сар мешавад”.

Рӯзноманигор Анаҳита Додихудо дар саҳифаи фейсбуки худ бо хушнудӣ навишт, ки Душанбе ҳатман бояд метро дошта бошад. Ҳамчунин ӯ чанд акси метрои ояндаи Душанберо, ки ҳуши маснӯъӣ омода кардааст, нашр кард.

 

 

“Байни минтақаҳо сохта шавад”

Баъзе корбарон ва ба эҳтимоли зиёд онҳое, ки аз навоҳии атрофи пойтахт ҳастанд, пешниҳод кардаанд, ки хати метро фаротар ва то ноҳияҳои онҳо сохта шавад. Масалан, аз Душанбе то шаҳри Турсунзода, аз Душанбе то ноҳияи Рӯдакӣ ё шаҳри Ваҳдату ноҳияи Файзобод.

Ҳатто яке аз корбарон бо номи "firdavs.1414" навиштааст, ки “лоиҳаи Турсунзода – Шаҳристон ҳаст. Агар аз рӯйи ҳамин лоиҳа созанд, поезди Конибодом – Душанбе дигар мӯҳтоҷи роҳи оҳани Ӯзбекистон намешавад”.

Нафари дигаре бо номи sukhani.sherdilon жарфтар андешида, пешниҳод кардааст, ки “байни шаҳрҳо шавад, мисол Душанбе-Бохтар, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Хуҷанд ва дигар ҷойҳо”.

 

“Метро созанд, баъд зан мегирам”

Шарҳҳои танзомез низ кам набуданд. Масалан, корбаре дар инстаграм бо исми "only_one2002_" суоломез навишт, ки “бо такси равӣ, арзонтар меафтода бошад ё бо метро?”.

Дигаре бо номи "mustafa4an" мепурсад, “пулчинак – “кандуктор” намегиранд, ки кор кунем?".

“Ман гуфта будам, ҳар вақте ҳамин метроро бисозанд, баъд зан мегирам”, – навиштааст dav1atov ном корбаре.

gulov_bahtiyor инчунин мушкили бебарқиро низ ба миён кашида, навиштааст, “барқ надорем, ин ба ангишт меравад?”.

Муҳаммад Баҳоваддинов аз навори ҳаҷвии чанд сол пеш таҳиякардаи зарифони Хуҷанд ёд карда, навишт: “Дар Хуҷанд чанд сол шуд, ки ду кас, якеаш Абду, метро сохта истодаанд. Соли 2067 ба истифода дода мешавад”.

Бо ин ҳама ҷиддияту танз, аксарият хабари сохтмони метроро бо хушнудӣ қабул кардаанд ва танҳо як нуктаро зикр менамоянд, ки муҳлати бунёди он риоя шавад ва дар фурсати наздик сохта шавад.

Ёдрас мекунем, ёддошти тафоҳум  дар бораи сохтмони метрои пойтахт ҳанӯз 1-уми марти соли 2022 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея” ба имзо расида буд.

Баъдан 22-юми августи соли 2023 Вазорати нақлиёт бо Бонки содиротию воридотии Корея (“Эксимбонк”) ҷиҳати маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар Душанбе созишнома баст.

Қаблан, як манбаъи “Азия – Плюс” аз шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки нахустин хатти метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...