Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст

Asia-Plus

Шумораи умумии ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар соли 2024 содиршуда 0,9% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, шумораи ғоратгарӣ 27% ва дуздӣ ҳудуди 26% кам шудааст. Дар  ин бора хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба мақоқмоти ин кишвар иттилоъ додааст.

“Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2024, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, 3,8% кам шудааст Шумораи умумии ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда 0,9% коҳиш ёфт. Аз ҷумла, тибқи маълумоти оморӣ, шумораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнине, ки хориҷиён содир кардаанд, 2,2% кам шудааст”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шумораи ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 12,3%, ҳодисаҳои расонидани зарари вазнини қасдии ҷисмонӣ 12,5%, кушторҳо ва сӯиқасдҳо ба куштор 6,7% коҳиш ёфтааст.

Инчунин зикр шудааст, ки шумораи дуздиҳо, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир шудаанд, 9,2% кам шудааст.

Қаблан, дар соли 2024, мақомдорони рус изҳороти мухталифе дар бораи шумораи ҷиноятҳои содиркадаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро дода буданд. Гоҳ аз афзоиши тезу тунд ва гоҳ аз коҳиши ҷиноятҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ хабарҳо нашр мегардид.  

Дар робита ба ин масъала бештар дар маводи мо “Маълумоти зидду нақиз оид ба ҷинояткорӣ. Чаро русҳоро бо муҳоҷирон метарсонанд?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...