“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат

Asia-Plus

Пайвандони чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон, ки дар доираи “парвандаи табадуллот” боздошт шуданд, барои ҳимояи ҳуқуқӣ ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё Омбудсмен дар Тоҷикистон муроҷиат накардаанд.

Дар доираи ин парванда, 1 вакили парлумон ва раиси пешини ҳизби демократ, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ ва 2 маъмури бознишастаи амният асосан бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар мешаванд.

Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯз, 27-уми январ гуфт, ки аз қазияи боздошт ва мурофаҳои ин чеҳраҳо огоҳ аст ва ҳама хабарҳои ба ин парванда алоқамандро пайгирӣ мекунад.

Ӯ гуфт, аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шудааст, ки пайвандони наздикони боздоштшударо ба мурофаҳо роҳ надодаанд ва танҳо вакилони дифоашон ширкат кардаанд.

“Вале бо вуҷуди он мо коре карда наметавонем, зеро аз номи пайвандони касони боздоштшуда ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон шикояте ворид нагардидааст”, – гуфт Умед Бобозода.

Ба гуфтаи Ваколатдор, ҳоло дар ин вазъ дахолат ба фаъолияти мақомоти додгоҳ ғайриимкон аст, зеро парванда мӯҳри “махфӣ” дорад.

Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Пасон дастикам 7 чеҳраи дигар ба тадриҷ боздошт шуданд. Дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ ба ҳамаи чеҳраҳои парвандаи ба истилоҳ “табаддулот” аз 23 то 30 соли зиндон хоста буд:

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон, раиси пешини ҲДТ 30 сол;

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷаи Тоҷикистон 30 сол;

Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният 26 сол;

Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният 26 сол;

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини аввали раиси ҲСДТ 24 сол;

Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон 23 сол:

Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини яке аз раёсатҳои ВКХ 23 сол;

Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҲДТ 23 сол.

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи чеҳраҳои шинохта дар мурофаи рӯзи 22-юми январ суханони охирини худро дар додгоҳ гуфтанд ва додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Дар мурофаи баъди интизор меравад, ки алаҳи чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистон ҳукм содир гардад. Он кай баргузор мешавад, маълум нест.

Ҷузъиёти парвандаи “табаддулоти давлатӣ”-ро дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...