Раиси шаҳр гуфт, дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар Хуҷанд то апрел ба кор медароянд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

То ҳол 90% корҳои лоиҳаи низоми “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонида шуда, он пурра моҳ апрел ба кор медарояд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода раиси шаҳри Хуҷанд дирӯз, 28-уми январ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ин тарҳ бо маблағи 20 млн доллари ИМА аз сӯи як ширкати чинӣ, ки чунин дурбинҳоро аллакай дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ насб кардааст, татбиқ мешавад.

“Аз ҷониби  сохторҳои дахлдор хулосаҳои мусбатро гирифтем. Амалишави лоиҳа бояд барвақттар оғоз мешуд, аммо кашол ёфт. Сабаби кашол ёфтани кори лоиҳа ин боз ҳам хубтар омухтани кори он ва бекамбуд тадбиқ намуданаш буд. Дар кори лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ҳам нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд ва ҳам васешавии кӯчаҳои шаҳр ба назар гирифта мешавад”-гуфт Фирдавс  Шарифзода.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.

Моҳи майи соли 2023 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ли Ян, муовини директори​ ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон тадбиқи “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ карда буданд.

Ҳоло чунин низом аз соли 2013 дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2023 дар шаҳри Хоруғ амал мекунад.

Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкор мешавад. Аз ҳисоби қонуншикниҳо ҳамасола миллионҳо сомонӣ ба буҷет ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои фасод низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.