Муҳаммад Наимов ба панҷгонаи беҳтарин размикорони Осиёи Марказӣ шомил шуд

Тибқи радабандии ҷории Fightmatrix, 5-гонаи беҳтарин размикорони минтақаи Осиёи Марказӣ дар вазни 66 кг эълон шуд ва размикори тоҷик Муҳаммад Наимов низ ба ин рӯйхат шомил аст. Дар феҳристи мазкур ӯ дар мақоми дуюм қарор дошта, зинаи аввалро варзишгар аз Қирғизистон касб кардааст. Радабандии беҳтарин размикорон тариқи зайл аст: Раҷабалӣ Шайдуллоев (13-0), Қирғизистон; Муҳаммад Наимов […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Тибқи радабандии ҷории Fightmatrix, 5-гонаи беҳтарин размикорони минтақаи Осиёи Марказӣ дар вазни 66 кг эълон шуд ва размикори тоҷик Муҳаммад Наимов низ ба ин рӯйхат шомил аст.

Дар феҳристи мазкур ӯ дар мақоми дуюм қарор дошта, зинаи аввалро варзишгар аз Қирғизистон касб кардааст.

Радабандии беҳтарин размикорон тариқи зайл аст:

Раҷабалӣ Шайдуллоев (13-0), Қирғизистон; Муҳаммад Наимов (11-3), Тоҷикистон; Қаршига Даутбек (17-3), Қазоқистон; Рауан Бекболат (10-3-2), Қазоқистон; Багдос Олжабай (16-4), Қазоқистон; Адилет Нурматов (13-2), Қирғизистон; Муртазали Магомедов (9-0), Қирғизистон.

Fight Matrix – портали низоми радабандии ҷаҳонӣ буда, дар он рӯйхатҳои размикорони касбӣ дар муҳорибаҳои омехта нашр мешаванд. Радабандиҳо ҳар ҳафта нав шуда, дар он дар ҳар кадоме аз гурӯҳи вазнҳо то 650 размикор дохил мешаванд.

Муҳаммад Наимов таэквондочӣ ва размикори ҳунарҳои омехта, устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ мебошад.

Рӯзи 7 августи соли 1994 дар Кӯлоб (Тоҷикистон) ба дунё омадааст.

Дар таэквондо ба ҳунарнамоӣ оғоз намуда, дар Қазоқистон (соли 2010), Тоҷикистон (2012), Булғористон (2013) ва Непал (2014) ба  унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон соҳиб шуд.

Дар мусобиқиаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Эстония (соли 2012) ва Тоҷикистон (соли 2014) ба дарёфти медал шарафёб гардидааст.

Аз соли 2018 размкиори касбӣ мебошад. Аз 3 июни соли 2023 дар вазни нимасабуки Ultimate Fighting Championship (UFC) рақобат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.