Раиси шаҳр гуфт, дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар Хуҷанд то апрел ба кор медароянд

То ҳол 90% корҳои лоиҳаи низоми “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонида шуда, он пурра моҳ апрел ба кор медарояд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода раиси шаҳри Хуҷанд дирӯз, 28-уми январ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ин тарҳ бо маблағи 20 млн доллари ИМА аз сӯи як ширкати чинӣ, ки чунин дурбинҳоро аллакай дар […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

То ҳол 90% корҳои лоиҳаи низоми “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонида шуда, он пурра моҳ апрел ба кор медарояд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода раиси шаҳри Хуҷанд дирӯз, 28-уми январ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ин тарҳ бо маблағи 20 млн доллари ИМА аз сӯи як ширкати чинӣ, ки чунин дурбинҳоро аллакай дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ насб кардааст, татбиқ мешавад.

“Аз ҷониби  сохторҳои дахлдор хулосаҳои мусбатро гирифтем. Амалишави лоиҳа бояд барвақттар оғоз мешуд, аммо кашол ёфт. Сабаби кашол ёфтани кори лоиҳа ин боз ҳам хубтар омухтани кори он ва бекамбуд тадбиқ намуданаш буд. Дар кори лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ҳам нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд ва ҳам васешавии кӯчаҳои шаҳр ба назар гирифта мешавад”-гуфт Фирдавс  Шарифзода.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.

Моҳи майи соли 2023 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ли Ян, муовини директори​ ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон тадбиқи “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ карда буданд.

Ҳоло чунин низом аз соли 2013 дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2023 дар шаҳри Хоруғ амал мекунад.

Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкор мешавад. Аз ҳисоби қонуншикниҳо ҳамасола миллионҳо сомонӣ ба буҷет ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои фасод низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.