Дар Хуҷанд ҳам дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” пайдо мешаванд

Тасмими мазкур дар мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Ли Ян, муовини директори​ ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон, ки дирӯз, 5-уми май, баргузор шуд, таъкид гардид. Ба иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад. “Ҷонибҳо вобаста ба амалисозии лоиҳа мубодилаи […]

Asia-Plus

Тасмими мазкур дар мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Ли Ян, муовини директори​ ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон, ки дирӯз, 5-уми май, баргузор шуд, таъкид гардид.

Ба иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.

“Ҷонибҳо вобаста ба амалисозии лоиҳа мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд”, – хабар медиҳад манбаъ.

Аз дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд  ба "Азия-Плюс" гуфтанд, корҳои насбкунии дурбинҳои назоратӣ эҳтимол нимаи дуввуми соли равон шуруъ шавад.

Низоми “Шаҳри бехатар” чанд моҳ пештар дар шаҳри Хоруғи ВМКБ низ ба кор оғоз карда буд.

Раёсати ВКД дар ВМКБ охири моҳи март хабар дода буд, ки давоми як ҳафта бо кумаки ин дурбинҳо ҳафт ҳолати вайрон намудани қоидаи роҳ аз ҷониби ронандагон тавассути ин низом ошкор шудааст.

Аммо дар хусуси санаи фаъолгардии низоми “Шаҳри бехатар” дар Хоруғ маълумот дода нашуд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида, ба назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳар гуна қоидавайронкуниву қонуншиканӣ машғул аст.

Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкору пешгирӣ карда мешавад.

Инчунин, ҳар сол аз ҳисоби ҷаримаи қоидавайронкунҳову қонуншиканҳо тавассути ин низом миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои коррупсионӣ низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.