Пандемияи COVID – 19 анҷом ёфт. Созмони ҷаҳонии беҳдошт расман гуфт, коронавирус дигар ҳамагир нест

Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) мақоми пандемияро барои бемории сироятии коронавирус (COVID-19) лағв мекунад, иттилоъ додааст директори генералии ин созмон Тедрос Гебрейесус. Тедрос Гебрейесус дирӯз, 5-уми май, зикр карда, ки тайи як соли охир кумитаи изтирории СҶБ  “маълумотҳоро ҳамаҷониба барои коҳиш додани шиддати хатари COVID-19 таҳлил ва баррасӣ менамуд, ки кай вақти муносиб фаро мерасад”, – […]

Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) мақоми пандемияро барои бемории сироятии коронавирус (COVID-19) лағв мекунад, иттилоъ додааст директори генералии ин созмон Тедрос Гебрейесус.

Тедрос Гебрейесус дирӯз, 5-уми май, зикр карда, ки тайи як соли охир кумитаи изтирории СҶБ  “маълумотҳоро ҳамаҷониба барои коҳиш додани шиддати хатари COVID-19 таҳлил ва баррасӣ менамуд, ки кай вақти муносиб фаро мерасад”, – иқтибос меорад РБК

Кумита дар ҷаласаи 15-уми хеш ба раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия дод, ки вазъияти изтирории тандурустии ҷамъиятиро дар робита ба паҳншавии коронавирус бекор кунад.

“Ман розӣ шудам. Аз ин рӯ, бо умеди зиёд ман эълон мекунам, ки COVID-19 дигар мақоми фавқулоддаи тандурустиро надорад”, – гуфтааст роҳбари СҶТ.

Бояд гуфт, ки СҶТ 11-уми марти соли 2020 коронавирусро пандемия эълон карда буд. Ҳамин тариқ, пандемия 3 солу 1 моҳу 24 рӯз давом кард.

Гебрейесус таъкид кардааст, ки лағви вазъи изтирорӣ маънои онро надорад, ки вирус аз байн рафтааст.

“COVID-19 ҷаҳонро аз сар то по чаппа кард. СҶБ аз марги тақрибан 7 миллион нафар хабар дод, аммо мо медонем, ки теъдоди қурбониён чанд маротиба зиёдтар аст – ҳадди аққал 20 миллион”, – гуфт Гебрейесус.

Дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи пандемия 17 388 ҳолати гирифторӣ ба коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Охирин ҳолати сироятёбӣ моҳи феврали соли 2022 ба қайд гирифта шуда буд.

Теъдоди умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, 124 нафарро ташкил додааст. Аммо як тадқиқоти рӯзноманигорони тоҷик собит кардааст, ки теъдоди воқеии фавтидатон дар Тоҷикистон ҳазорон нафар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.