Обуҳавои рӯзҳои истироҳат: борони пуршиддат ва жола

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Ба иттилои сомонаи расмии Кумита, дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду барқ мешавад. Ҳангоми раъду […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои сомонаи расмии Кумита, дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду барқ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо бод шиддат мегирад. Хатари зарар дидан аз барқ (чароғак) вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои ҷоришаванда аз қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара зиёд аст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

“Боронҳои пуршиддат метавонанд боиси афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо шаванд. Бахусус, дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳавои тираву боронӣ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ месозад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад.

Аз ҳамаи ронандагоне, ки сафари дур доранд, хоҳиш мешавад дар ҳавои боронӣ, ки маъмулан муҳитро тира мекунад, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Сокинон бояд сари вақт ҷӯйбору каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд, то хатари харобӣ аз сел вуҷуд надошта бошад.

Кумта ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси зарар дидани хатҳои интиқоли барқ шавад, ба боди шадид метавонад ба бомҳои хонаҳои истиқоматӣ зарар расонад.

Ҳангоми дар кӯчаҳо  гардиш кардан, ҳаргиз зери дарахтон ва пояҳои сустниҳоди рекломҳо қарор нагиред.

Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад тадбирҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулодда шаҳрвандон метавонанд то белефонҳои 112,  (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.