Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, соли равон ба чанд кишвари дигар хатсайрҳои нав боз мекунад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон (Оҷонсии ҳавонавардӣ) нақша дорад, ки соли равон ба як қатор кишварҳои хориҷа хатсайрҳои нав боз кунад. Аз ҷумла, ин ниҳод азм дорад, парвозҳо ба Кореяи Ҷанубӣ, Баританаяи Кабирро ба роҳ монад.

Дар ин бора Ҳабибулло Назарзод, директори Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки онҳо ҳамчунин азм доранд, ки дар соли 2025 парвозҳоро ба самтҳои Душанбе-Кеш-Душанбе, Душанбе-Ҷидда-Душанбе, Душанбе-Қоҳира-Душанбе, инчунин ба ҷумҳуриҳои Кипр, Маҷористон ва Британияи Кабир ба роҳ монданд.

Аз ин ниҳод хабар доданд, ки ҳоло аз Тоҷикистон ба 12 кишвар, аз ҷумла, Туркия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Русия, Қазоқистон, Чин, Олмон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон ва Гурҷистон парвозҳои мунтазам ва транзитӣ анҷом додан мумкин аст.

 

“Тоҷик Эйр” мехоҳад ба Ванҷ, Рашт ва Лахш низ парвоз кунад

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки дар соли 2025 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" хатсайрҳои нави дохилиро аз Душанбе ба Ванҷ, Рашт ва Лахш оғоз хоҳад кард.

Парвиз Шодмонзода, директори ширкати “Тоҷик Эйр” дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки айни замон корҳои таъмири фурудгоҳҳои маҳаллии Рашт ва Лахш идома доранд, ки ин ба беҳтар шудани инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити бароҳат барои мусофирон мусоидат хоҳад кард.

Барои таъмин намудани хатсайрҳои нав ва васеъ кардани парки ҳавопаймоҳо, ширкат таъмири куллии яке аз ҳавопаймоҳои АН-28-ро анҷом дод, ки ҳоло дар хатсайрҳои дохилӣ истифода мешавад. Дар ояндаи наздик таъмири ду ҳавопаймои дигар низ ба нақша гирифта шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки ҳоло баъд аз танаффуси тӯлонӣ "Тоҷик Эйр" парвозҳои дохилиро аз Душанбе ба Хоруғ, Кӯлоб ва Панҷакент барқарор кардааст.

Барои ин хатсайрҳо ҷадвали парвозҳо мавҷуд аст, аммо иҷрои он аз шароити обу ҳаво вобаста мебошад. Аз ҷумла, парвозҳо ба Хоруғ ва Панҷакент борҳо мавқуф гузошта шудаанд. 

 Таъкид карда шуд, ки аз замони оғоз шудани парвозҳо ба Хоруғ 30 парвоз анҷом дода шуда, тақрибан 1000 мусофир хизматрасонӣ гирифтааст.

Дар робита ба нархи баланди чиптаҳо дар хатсайрҳои дохилӣ, раҳбари ширкат зикр кард, ки нигоҳдории ин хатсайрҳо айни замон хароҷоти зиёд талаб мекунад ва на ҳамеша шумораи мусофирон хароҷотро пӯшиш медиҳад.

Бо ин вуҷуд, ӯ гуфт, ки ҳоло баррасии даромад ё зиён аз ин парвозҳо бармаҳал аст ва танҳо пас аз натиҷаҳои шашмоҳа арзёбии дақиқи он имконпазир хоҳад шуд.

Ҳоло нархи чиптаҳо аз Душанбе ба Хоруғ – 900 сомонӣ, ба Панҷакент 400 сомонӣ ва ба Кӯлоб 300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...