Поёни баҳси даҳсола. “Tajik Air” ба ширкати “SkyRoad Leasing”-и Литва $2 млн пардохт мекунад

Баҳси чандсолаи молиявӣ ва ҳуқуқӣ миёни ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”-и Тоҷикистон ва ширкати “SkyRoad Leasing”-и Литва хотима ёфт. Дар ин бора рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ роҳбари ширкат Парвиз Шодмонзода хабар дод. Мувофиқи қарори додгоҳ, қарзи ширкати ҳавопаймоӣ ба “SkyRoad Leasing” 36,6 млн долларро ташкил дода, аммо дар доираи созиши ҳосилшуда “Тоҷик Эйр” ҳамагӣ […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Баҳси чандсолаи молиявӣ ва ҳуқуқӣ миёни ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”-и Тоҷикистон ва ширкати “SkyRoad Leasing”-и Литва хотима ёфт. Дар ин бора рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ роҳбари ширкат Парвиз Шодмонзода хабар дод.

Мувофиқи қарори додгоҳ, қарзи ширкати ҳавопаймоӣ ба “SkyRoad Leasing” 36,6 млн долларро ташкил дода, аммо дар доираи созиши ҳосилшуда “Тоҷик Эйр” ҳамагӣ 2 млн доллар пардохт мекунад.

Шодмонзода зикр кард, ки онҳо аллакай ба суратҳисоби ширкати литвонӣ 500 ҳазор доллар гузаронидаанд ва пардохти 1,5 млн доллари боқимонда дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст.

Пас аз ҳисоббаробарии ниҳоӣ ду ҳавопаймои ширкати “SkyRoad Leasing”, ки дар фурудгоҳи Душанбе қарор доранд, ба тавозун “Тоҷик Эйр” гузаронида мешаванд. Вале ҳарду ҳавопаймо ҳам ҳоло кор намекунанд ва ба таъмир ниёз доранд.

Мавқеи ширкати литвонӣ маълум нест.

 

Баҳс сари чӣ буд?

Баҳси мазкур ҳанӯз соли 2013 бо сабаби ҳар моҳ саривақт пардохт нашудани 149 ҳазор доллар аз ҷониби “Тоҷик Эйр” барои иҷораи ду ҳавопаймои "Boeing" сар зада буд. Дар натиҷа, ширкати Литва ба маблағи 20 млн доллар  талаб кард.

Парванда байни “Тоҷик Эйр” ва “SkyRoad Leasing” дар Душанбе, Маскав ва ҳатто ИМА баррасӣ шуд.

Додгоҳи ҳакамии Вилнюс ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонро ба пардохти 20 млн доллар уҳдадор кард, лекин ин қарор аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе эътироф нашуда, “Skyroad Leasing” ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат намуд ва ин додгоҳ даъвои ширкати Литваро қонеъ кард.

“SkyRoad Leasing” ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонро дар рад кардани иҷрои қарори Додгоҳи ҳакамии Вилнюс айбдор мекард. Дар навбати худ, «Тоҷик Эйр» мегуфт, ки “SkyRoad Leasing” тартиби додани огоҳиномаро мутобиқи талаботи Қонуни дахлдор оид ба масуниятии соҳибихтиёрии хориҷӣ иҷро накардааст.

Дар ҷараёни баҳс бо “SkyRoad Leasing” яке аз ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" дар фурудгоҳи Внуковои Маскав боздошт шуда буд.

Парвиз Шодмонзода хабар дод, ки пас аз ҳалли масъала бо ширкати Литва, ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргардонида шуда, барои таъмир ба Ӯзбекистон фиристода хоҳад шуд.

Роҳбари "Тоҷик Эйр" ҳамчунин илова кард, ки ширкат ба дигар ташкилотҳо низ қарздор аст, аммо ҳаҷми ин қарзҳо чандон бузург нест. Баҳс бо “SkyRoad Leasing” яке аз мушкилоти ҷиддитарини ширкат маҳсуб меёбад.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2019 ширкати  ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" парвозҳои байналмилалиро иҷро намекунад. Аммо аз тирамоҳи соли 2024 ин ширкат ба анҷоми парвозҳои дохилӣ аз Душанбе ба самтҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Панҷакент оғоз кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио