Қитъаи роҳи Қалъаи Хумб то Рӯшон “як сол пеш аз муҳлат” ба истифода дода мешавад

Қитъаи роҳи Қалъаи Хумб–Ванҷ-марзи Рӯшон, ки як бахши долони мултимодалии роҳи Душанбе–Хоруғ–марзи Чин хоҳад шуд, як сол пеш аз муҳлати пешбинишуда, дар моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин бора зимни нмишасти матбуотии рӯзи 29 январ Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз 15 пули ин роҳ сохтмони […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қитъаи роҳи Қалъаи Хумб–Ванҷ-марзи Рӯшон, ки як бахши долони мултимодалии роҳи Душанбе–Хоруғ–марзи Чин хоҳад шуд, як сол пеш аз муҳлати пешбинишуда, дар моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин бора зимни нмишасти матбуотии рӯзи 29 январ Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз 15 пули ин роҳ сохтмони 13-тои он ба поён расидааст. Ҳамчунин, аз 4 ҳазор метр дарозии нақби аввал 3 ҳазору 388 метри он ва аз 1 ҳазору 800 метр дарозии нақби дуюм 1000 метраш сохта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи бештар душворгузари роҳи Душанбе – Қулма моҳи сентябри соли 2022 оғоз шуд. Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии он ҳукумати Чин дар ҳаҷми 230 млн доллар грант ҷудо кард. Ба ин корҳо паймонкори кулли лоиҳа – ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст.

Пас аз анҷоми пурраи корҳо масофаи ин қитъа 16 километр кӯтоҳтар шуда, ба сурати умум 92,3 километрро ташкил хоҳад дод.

Вазир ҳамчунин зикр кард, ки лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии роҳи Рӯшон – Вархедз (наздикии марзи маъмурии ноҳияи Мурғоб) бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ таҳия ва аз ташхис муваффақона гузашт.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар мавриди маблағгузорӣ ба ин лоиҳа гуфтушунидҳо бо ҳукумати Чин ҷараён доранд. Азим Иброҳим таъкид дошт, ки дар қисмати боқимондаи роҳи мошингард дар қаламрави ноҳияи Мурғоб то сарҳади Чин (296 км) корҳои саҳроӣ гузаронида шуда, корҳои лоиҳакашӣ оғоз меёбанд.

Вазири нақлиёт илова намуд, ки пас аз анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозӣ, роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ – сарҳади Чин ба долони байнулмилалии мултимодалӣ табдил хоҳад ёфт, ки “барои ҷумҳурӣ аҳаммияти бузург дорад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио