Бонки олмонӣ ба Тоҷикистон дар таъмиру навсозии беморхонаҳо кумак мекунад

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 29 январ маросими имзои созишномаҳои грантӣ бо Бонки олмонии рушд (KfW) оид ба лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ баргузор шуд. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, созишномаҳо ба маблағи умумии 10 млн евро ва ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Олмон дар […]

Asia-Plus

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 29 январ маросими имзои созишномаҳои грантӣ бо Бонки олмонии рушд (KfW) оид ба лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ баргузор шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, созишномаҳо ба маблағи умумии 10 млн евро ва ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Олмон дар Тоҷикистон ва – Директори минтақавии KfW дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ба имзо расид.

Завқизода зикр кард, ки лоиҳаҳои мазкур барои сохтмони бинои иловагӣ дар Пажӯҳишгоҳи миллии илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин таҷдиди Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бо таҷҳизоти муосир пешбинӣ шудаанд.

“Татбиқи муваффақонаи ин лоиҳаҳо барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани ҳифзи саломатии модару кӯдак ва дастрасии аҳолӣ ба ёрии таъҷилии тиббӣ равона гардидаанд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, солҳои охир ҷониби Олмон барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла сохтмони НБО «Себзор» 63 млн евро, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ – 14 млн евро, рушди инфрасохтори деҳот – 20 млн евро, занҷираи арзиши иловашудаи кишоварзӣ – 9,6 миллион евро, сохтмони беморхонаи бемориҳои руҳию сил – 11 млн евро ва дар маҷмӯъ 128 млн евро маблағҳои грантӣ ҷудо намудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.