“Тағйирёбии иқлим ва фиреби соҳибкорон”: Раиси Мастчоҳ ду сабаби иҷро нашуднии нақшаи ҷамъоварии пахтаро гуфт

Соли гузашта дар ноҳияи Мастчоҳ, ки аз навоҳии пахтакори вилояти Суғд аст, нақшаи ҷамъоварии пахта ҳамагӣ 60% иҷро шудааст. Ба ҷои 28,4 ҳазор тонна пахта ҳамагӣ 17 ҳазор тонна "тиллои сафед" ба хирман супорида шудааст. Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28-уми январ зимни нишасти матбуотӣ номусоидии иқлим ва тухмии пастсифатро сабаби аслии кам шудани ҳосил […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Соли гузашта дар ноҳияи Мастчоҳ, ки аз навоҳии пахтакори вилояти Суғд аст, нақшаи ҷамъоварии пахта ҳамагӣ 60% иҷро шудааст. Ба ҷои 28,4 ҳазор тонна пахта ҳамагӣ 17 ҳазор тонна "тиллои сафед" ба хирман супорида шудааст.

Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28-уми январ зимни нишасти матбуотӣ номусоидии иқлим ва тухмии пастсифатро сабаби аслии кам шудани ҳосил ва талаф ёфтани пахта унвон кард.

“Дар ноҳияи Мастчоҳ  ҳаво якбора 43-44 дараҷа гарм шуд, ки деҳқонон 20-30% ҳосилро аз даст доданд. Ҳатто дар баъзе хоҷагиҳо пахта як-ду ваҷаб қад кашиду боз хушкид. Баъди дархоси мо аз тарафи  як шӯъбаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ  ташхис карданд ва маълум шуд, ки беш аз 40%-и тухмиҳое, ки дар ноҳияи Мастчоҳ мавҷуд аст тухмиҳои  техникӣ будааст”-шарҳ дод раиси ноҳия.

Ба гуфтаи Ализода баъзе соҳибкорон 4-5 намуди тухмиҳои пастсифатро омехта карда, ба бозор баровардаанд, ки дар натиҷа, деҳқонон зарар диданд.

Вай афзуд, ки айни замон гурӯҳи корӣ аз ҳукумати кишвар ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар заводу корхонаҳои ноҳияи Мастчоҳ рафта, сатҳу сифати тухмиҳоро месанҷанд.

Раиси ноҳия гуфт, ки масъулини ҳукумати Мастчоҳ азм доранд, аз мавсими нав тухмиҳое, ки сертификат надорад, кишти онро манъ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Мастчоҳ соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 26 ҳазору 993 гектар гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбат соли 2023-юм 496 гектар зиёд аст. Кишти пахта дар майдони 12084 гектар гузаронида шудааст.

Дар умум дар ноҳия беш аз 60 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд аст, ки тибқи дурнамо 65% пахтакор ва 35% дигар намуди маҳсулоти кишоварию полезӣ парвариш мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.