“Сомон-Эйр” шумораи парвозҳоро ба Теҳрон зиёд мекунад

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар пайи лағв шудани раводид ё виза миёни Тоҷикистону Эрон ширкати “Сомон-Эйр” парвозҳояшро ба ин кишвар афзоиш медиҳад. Сар аз 5-уми марти соли ҷорӣ рӯзҳои чаҳоршанбе низ парвоз миёни Душанбеву Теҳрон ва баръакс ба роҳ монда мешавад.

Қаблан “Сомон-Эйр” танҳо рӯзҳои душанбе ба Теҳрон ва баръакс парвоз мекард. Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 сурат мегиранд.

Саҳифаи “Фейсбук”-и ин ширкат хабар додааст, ки сар аз имрӯз, 3-юми феврал вақти парвоз аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс дар рӯзҳои душанбе тағйир ёфта, парвозҳо шомгоҳӣ не, балки рӯзона анҷом мешаванд.”Ба ин тариқ вақти парвоз аз Душанбе 10:00 ва аз Теҳрон 12:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст”, – омадааст дар хабари “Сомон-Эйр”.

Ба гуфтаи манбаъ, парвозҳое, ки аз 5-уми март дар рӯзҳои чаҳоршанбе роҳандозӣ мегарданд, аз Душанбе соати 14:00 ва аз Теҳрон соати 16:50 ба вақти маҳаллӣ оғоз меёбанд.

Парвоз аз Душанбе то Теҳрон 2 соату 50 дақиқа ва аз Теҳрон ба Душанбе 2 соату 30 дақиқа давом меёбад.

“Низоми бераводид миёни Тоҷикистону Эрон барои мусофирони хатсайрҳои ҳавоӣ бешубҳа ба фаъол шудани гардишгарӣ, табодули фарҳангӣ ва тиҷоратӣ мусоидат намуда, сафари мусофирони моро боз ҳам қулайтар мегардонад”, – иброз доштааст Абдулқосим Валиев, директори ширкати “Сомон Эйр”.

 

Дар хабари ин ширкат омадааст, ки ҷадвали кунунии парвозҳо дар сомонаи расмии ин ширкати ҳавопаймоӣ www.somonair.com, инчунин дар хазина ва нуқтаҳои чиптафурӯшӣ дастрас мебошад.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло миёни Тоҷикистон ва Эрон ҳафтае 5 парвоз анҷом мешавад, ки 4-тои он тариқи ҳавопаймоҳои ширкати эронии “Вориш” ва яктои он тавассути “Сомон-Эйр” ба роҳ монда шудаанд.

Гуфта мешавад, ширкати ҳавопаймоии эронии “Каспиан” низ ният дорад, парвози мустақим байни Душанбе ва ҷазираи сайёҳии Кишро ба роҳ монад. Аммо дар ин масъала ҳоло гуфтушуниди Тоҷикистону Эрон идома дорад ва гуфта мешавад, дар сурати роҳандозӣ ин пароз мавсимӣ хоҳад буд.

Ҳоло нархи чиптаҳои хатсайри Душанбе – Теҳрон бо ширкати эронии “Ворис” аз 2,5 то 6,5 ҳазор сомонӣ (аз 8 то 25 миллион туман) ва бо ширкати тоҷикистонии “Сомон-Айр” 1 ҳазору 750 то 2 ҳазору 250 сомонӣ аст.

Ёдрас мешавем, ки Эрон чанд рӯз қабл низоми раводид бо Тоҷикистонро барои сафари ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои ин кишвар пурра лағв кард. Шӯрои вазирони ин кишвар қарори дахлдор дар ин бора ба имзо расонидааст ва он аз имрӯз, 3-юми феврали 2025 ба иҷро медарояд.

Ҳукумати Тоҷикистон низ пешниҳоди ҷониби Эронро дар робита ба лағви раводид тариқи масири ҳавоӣ байни ду кишварро “бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл” ҷонибдорӣ кард.

Ҷузъиёти дигари сафари бидуни раводидро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон”. Инчунин, сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаб бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...